Декабр 18, 2016 10:20 Asia/Dushanbe
  • Далоили истиқбол аз коргарони муҳоҷири Осиёи Марказӣ дар Русия

Устоди мактаби Олии иқтисоди Русия муътақид аст, ки далоили умдаи истиқбол аз коргарони муҳоҷири Осиёи Марказӣ дар ин кишвар, дурӣ аз хӯрдани нӯшокиҳои спиртӣ, масъулиятпазирӣ, ҷиддӣ будан дар кор ва қонеъ будани ин афрод мебошад.

   Ба гузориши сойти “Спутник”, Даниел Александров таъкид кардааст, ки имрӯз дар Русия аксари коргарони муҳоҷир аз кишварҳои Осиёи Марказӣ дар бахшҳои сохту соз, кишоварзӣ, ҳамлу нақл ва хадамоти шаҳрӣ фаъолият мекунанд ва корфармоён аз амалкарди ин афрод розӣ мебошанд.

    Вай бар асоси натоиҷи як назарсанҷӣ гуфтааст, ки иддаои таҳдиди амнияти шуғлии шаҳрвандони русӣ аз сӯи коргарони муҳоҷири Осиёи Марказӣ беасос аст. Зеро Кумитаи давлатии умури кор ва умури иҷтимоии шаҳри Санкт Петербург эълом кардааст, ки аз 2 миллиону 400 ҳазор фурсати шуғлӣ дар ин шаҳр, саҳми коргарони муҳоҷири узбакистонӣ, тоҷикистонӣ ва қирғизистонӣ наздик ба 138 ҳазор нафар ё камтар аз 1 дарсад мебошад. Аз сӯи дигар мизони ҳуқуқ ва дастмуздҳои коргарони муҳоҷири Осиёи Марказӣ дар муқоиса бо шарвандони русӣ камтар аст ва онон дар бахшҳое фаъолият мекунанд, ки русҳо таваҷҷӯҳе ба ин навъ шуғлҳо надоранд. Ҳамчунин шаҳрвандони ин кишварҳо афроди бо назм мебошан, ки дар рӯз аз 12 то 16 соат кор мекунанд ва вақти хешро беҳуда талаф намекунанд.

    Манобеи созмонҳои коргарони муҳоҷири тоҷикистонӣ дар Русия, теъдоди  шаҳрвандони дорои муҷаввизи кор ва иқомати ин ҷумҳурӣ дар қаламрави Русияро беш аз як миллион нафар унвон мекунанд.