Сохти бозори байнисарҳадии “Андархон” дар марзи Тоҷикистону Узбекистон
Март 15, 2023 12:18 Asia/Dushanbe
Маркази тиҷоратию логистикии “Андархон” дар марзи Тоҷикистону Узбекистон сохта мешавад.
Ҳайати вилояти Суғди Тоҷикистон ба сарпарастии Раҷаббой Аҳмадзода, аз вилояти Фарғонаи Узбекистон боздид ва дар маросими оғози сохти ин марказ ширкат кард.
Устондори Фарғона, сафири Тоҷикистон дар Узбекистон ва тоҷирони устонҳои Суғду Фарғона дар маросим ҳузур доштанд.
Музаффар Юнусов, сухангӯи раиси вилояти Суғд гуфт: “Бозори байнисарҳадии “Андархон” дар масоҳати 5 гектар бунёд гардида, дар он 200 дӯкони савдо, бонк, ошхона ва қаҳвахона, меҳмонхона, маркази логистикӣ ҷойгир карда хоҳад шуд”.