Чанд дарсади сарзаминҳои Ғаззаи қобили кишт аст?
(last modified Wed, 02 Jul 2025 08:52:54 GMT )
Июл 02, 2025 13:52 Asia/Dushanbe
  • Чанд дарсади сарзаминҳои Ғаззаи қобили кишт аст?
    Чанд дарсади сарзаминҳои Ғаззаи қобили кишт аст?

Порс-Тудей. Созмони хорубору кишоварзии Милали Муттаҳид (ФАО) дар гузорише эълом кард, ки ҷанги режими Исроил, кишоварзӣ дар борикаи Ғаззаро аз байн бурдааст.

Созмони хорубору кишоварзии Милали Муттаҳид (ФАО) рӯзи сешанбе дар гузорише эълом кард, тибқи таҳлили моҳи марти гузашта, дар натиҷаи ҷанг танҳо 4. 6 дарсад аз заминҳои Ғазза қобили кишт ҳастанд.

Бинобар ин гузориш, бо камбуди заминҳои қобили кишт, кишоварзон ба кишоварзӣ дар қатаоти муваққати замини байни чодарҳо ё бар рӯи оворҳои хонаҳои осебдида рӯй овардаанд.

Гуфтанӣ аст, режими саҳюнистӣ дар ҳафтуми октябри соли 2023 ҷанг алайҳи борикаи Ғаззаро бо ду ҳадафи аслӣ, аз байн бурдани ҷунбиши Ҳамос ва бозгардондани асирони саҳюнист аз ин минтақа оғоз кард, аммо дар расидан ба ин аҳдоф шикаст хӯрд ва ночор шуд ба тавофуқ бо ҷунбиши Ҳамос барои табодули асирон рӯй оварад.

Дар 19 январи 2025 бар асоси тавофуқе миёни Ҳамос ва режими саҳюнистӣ, дар борикаи Ғазза оташбас барқарор шуд ва бар асоси он, теъдоде аз асирон мубодила шуданд, аммо дар идома, режими саҳюнистӣ аз вуруд ба музокироти марҳалаи дувуми оташбас худдорӣ кард ва аз 18 марти 2025 бо нақзи мафоди оташбас, таҷовузҳои низомии худ ба борикаи Ғаззаро аз сар гирифт.