Либерман хостори ақибнишинии комили низомиёни саҳюнист аз Ғазза шуд
-
Авигдор Либерман, вазири ҷанги собиқи режими саҳюнистӣ
Порс-Тудей. Раҳбари ҳизби ростгарои «Исроил хонаи мо» ва вазири ҷанги собиқи режими саҳюнистӣ хостори ақибнишинии комили низомиёни саҳюнист аз борикаи Ғазза ва бозгашти якҷову фаврии тамомии зиндониёни ин режим шуд.
Ба гузориши Порс-Туднй, ба нақл аз ИСНА, Авигдор Либерман дар ҷараёни гуфтугӯи матбуотӣ бо радиои «103 FM» вобаста ба рӯзномаи ибрӣ ва саҳюнистии «Маорив», бар зарурати хуруҷи комили низомиёни режими ишғолгар аз Ғазза ва бозгашти фавриву якҷои тамомии зиндониёни саҳюнист таъкид карду гуфт: Бояд дақиқан ҳамон гуна, ки бо Лубнон рафтор шуд, дар Ғазза низ амал кард.
Ин изҳорот дар ҳоле матраҳ мешавад, ки режими саҳюнистӣ ҳамчунон даргири ҷанг бо муқовимати Фаластин дар Ғазза аст ва таҳти фишори афкори умумии дохилӣ ва байналмилалӣ барои поён додан ба ин ҷанг қарор дорад.
Либерман пеш аз ин низ аз сиёсатҳои кабинаи Бенёмин Натанёҳу, нахуствазири режими саҳюнистӣ дар қиболи Ғазза интиқод карда буд.
Бени Гантс, раиси ҳизби «Урдӯгоҳи аслӣ»-и режими саҳюнистӣ низ рӯзи душанбе имзои қарордоде фарогир барои бозгардондани тамомии зиндониёни саҳюнистро хостор шуд ва таъкид кард: Онҳо наметавонанд солҳо дар асорат бимонанд, ин қобили қабул нест ва замоне ҳам барои қарордодҳои ҷузъӣ надорем.
Гантс дар идома бо таъкид бар инки таҳаққуқи аҳдофи ҷанги Ғазза ба солҳо замон ниёз дорад, гуфт: Бозгардонидани тамомии усарои саҳюнист ҳатто бо як қарордоди зиёнбор бояд анҷом шавад.
Режими саҳюнистӣ аз ҳафтуми октябри 2023 бо ҳимояти Амрико наслкуширо дар Ғазза ба роҳ андохтааст, ки дар он ҳудуди 190 ҳазор фаластинӣ шаҳид ва захмӣ ва беш аз 11 ҳазор тани дигар нопадид ва садҳо ҳазор нафар овора шуданд. Режими саҳюнистӣ тахмин мезанад, 50 асири он дар ҳоли ҳозир дар Ғазза ҳастанд, ки 20 тан аз онҳо зиндаанд.