Август 24, 2024 13:59 Asia/Dushanbe
  • тасвире аз дидори ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ бо хонаводаи шаҳиди арманӣ Арман Авдисиён
    тасвире аз дидори ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ бо хонаводаи шаҳиди арманӣ Арман Авдисиён

Порс тудей-Шаҳодат ба кушта шудан дар роҳи Худо ва барои кумак ба ҷомеа ишора дорад, ки дар аҳодис аз он ба унвони болотарин некӣ ва гиромитарин марг ёд шудааст.

 Дар оёти Қуръон ва ривоёт, барои шаҳодат осоре ҳамчун зинда мондан, бархурдорӣ аз ҳаққи шафоат ва омурзиши гуноҳон зикр шудааст. Дар Эрон низ мавзӯъи таваҷҷуҳ ба шуҳадо яке аз муҳиммтарин сиёсатҳои Инқилоби исломӣ аст.

Ба гузориши Порс тудей, дар ҳамин замина Ҷаъфари Алиённажод дар ёддоште дар рӯзномаи эронии Ватани имрӯз навишт: Ёди мустамар(идомадор)и шуҳадо, ҳатто ҷилави бурузи инфиол(сусти)и тактикӣ дар баробари тарс, андӯҳ ва яъсро мегирад. Аз ин назар бузургдошти шуҳадо ба маънои таҳкими муқовимат ва ҳифзи мустамари истиқлоли миллӣ алайҳи инъиқоди равобити султа аст.

 Баёноти оятуллоҳ Хоманаӣ дар ҷамъи аъзои кунгураи шуҳадои устони Куҳгилуя ва Буираҳмад, дорои нуктае равшангарона дар бораи амалиёти равонии душман буд, ки бо назар ба фазои феълии сиёсӣ ва иҷтимоии Эрон, қобили таҳлил ва маънодор аст.

 Шояд битавон гуфт яке аз бедардисартарин ва камхароҷоттарин техникаҳои эҷоди равобити султа, эҷоди инфиол дар дастгоҳи муҳосиботии тарафи муқобил аст; Инфиоле, ки мунҷар ба муҳосибаи иштибоҳ ва ғалат аз тавони худ ва тавони душман шавад. Яъне тавони худро кам ва қудрати ҳарифро боло арзёбӣ кунад.

 Инфиоли нафсонӣ дар бадани иҷтимоъ вақте рух медиҳад, ки дучор тарс, андӯҳ ва яъс шавад. Ин 3 амри боздоранда агар ба ҳар тариқе ба тани ҷомеа биафтад ва табдил ба мутағайирҳои таҳлилӣ ва бинишии аксари иҷтимоъ шавад, хурӯҷи он инфиол, вобастагӣ, асарпазирӣ ва коҳиши мустамари муқовимат хоҳад буд.

 Аз ин назар истиқлоли ҳар ҷомеае бастагии бисёр зиёде ба вуҷуди нишонаҳои зиндае аз шуҷоат, нишот ва умед дорад. Қаҳрамонон дар ҳар ҷомеа дорои чунин коркарде ҳастанд. Ба як маъно метавон ононро фотеҳони майдон донист, ки дар баробари ҳайбати ҳодиса ва убуҳҳати ҳариф наҳаросида ва бо тамоми вуҷуд сина сипар кардаанд.

 Бо ин ҳол миллатҳое ҳастанд бо инки қаҳрамон доранд, аммо мағлуби муодилаи тазриқи ҳароси султагарон мешаванд, чаро чунин аст? Чун қаҳрамононашон дар дили таърих монда, истисно шуда ва натавонистаанд ҳеҷ думбола ва пайвастагии таърихии иззатофарин эҷод кунанд.

 Дар муқобил агар қаҳрамонони як сарзамин пуртеъдод, пайваста, ҷорӣ ва зинда бошанд, он миллат ба як фарҳанги қаҳрамонӣ даст меёбад, ки ҳар тарс ва яъсу андӯҳро дар худ ҳазм ва нобуд мекунад. Ин қаҳрамонон аз ҳофизаи ҷамъии миллаташон пок намешванд, дар дили таърих намемонанд, зиндаанд ва зинда месозанд ва бино бар ваъдаи илоҳӣ дар интизори қаҳрамонони баъдӣ ба сар мебаранд.

 Шаҳидон, муодилаи тарсро инчунин тағйир медиҳанд ва қоидаи «тавассул ба тарс» душманро ботил мекунанд, чаро, ки шаҳодат, фарҳанги қаҳрамонии чунин сарзамине шуда ва табиатан «миллате, ки шаҳодат дорад, асорат надорад». Тарс дар ӯ роҳ намеёбад ва дар баробари амалиёти равонии душман муқовиматаш намешиканд.

 Ёди пайвастаи шуҳадо, ҳатто ҷилави бурузи инфиоли тактикӣ дар баробар тарс, андӯҳ ва яъсро мегирад. Аз ин назар бузургдошти шуҳадо, ба маънои таҳкими муқовимат ва ҳифзи мустамари истиқлоли миллӣ алайҳи инъиқоди равобити султа аст.

 

 

Барчасп