Шумо дар бораи дастурҳои мардумдории Имом Содиқ (a) чӣ медонед?
-
Шумо дар бораи дастурҳои мардумдории Имом Содиқ (a) чӣ медонед?
Порс-Тудей. Имом Содиқ (a) бо таъкид бар принсипҳои ахлоқӣ, аз қабили инсоф, садоқат, хидмат ба мардум ва ҳифзи шаъну шарафи инсонӣ барои беҳбуди равобити инсонҳо дастури арзишманд додааст.
Имом Содиқ (a), аз авлоди паёмбари ислом (с), принсипҳои муошират бо мардумро баён кардааст, ки онҳоро метавон “Оинномаи демократия” номид. Ин оиннома ислоҳоти муносибатҳо, риояи адолат, хидмат ба мардум, садоқат, рафтори нек, эҳтиром ба ақидаҳо, ҳифзи шаъну эътибори инсонӣ ва пӯшонидани камбудиҳоро дар бар мегирад. Ҳар яке аз ин принсипҳо на танҳо як роҳи рушди фард аст, балки метавонад ҷомеаи солим, мутавозин ва илоҳӣ бунёд кунад. Дар ин матлаб аз Порс-Тудей ба ривоятҳои Имом Содиқ (a) дар бораи мардумдорӣ назар мекунем.
Ислоҳ миёни мардум
«صَدَقَةٌ یحِبُّها اللَّهُ اصْلاحُ بَینَ النَّاسِ اذا تَفاسَدُوا وَتَقارُبُ بَینَهُمْ اذا تَباعَدُوا»
“Садақае ки Худо, онро дӯст дорад , ислоҳ дар миён мардум аст, вақте ки равобити онҳо хароб шуда ва онҳо аз якдигар дур шудаанд.” (Усулул-кофй, ч. 2, с. 209, х. 1).
Адолат бо мардум
«مَن أَنصَفَ النّاسَ مِن نَفسِهِ رُضِیَ بِهِ حَکَماً لِغَیرِهِ»؛
“Ҳар кӣ ба мардум инсоф кунад, дигарон ҳукми ӯро қабул мекунанд.” (Мин ла йахадри факих ч. 3, с. 13, х. 3237).
Хизмат ба мардум
«مَنْ سَعَى فِی حَاجَةِ أَخِیهِ الْمُسْلِمِ طَلَبَ وَجْهِ اللَّهِ کَتَبَ اللَّهُ عَزَّ وَ جَلَّ لَهُ أَلْفَ أَلْفِ حَسَنَةٍ یغْفِرُ فِیهَا لِأَقَارِبِهِ وَ جِیرَانِهِ وَ إِخْوَانِهِ وَمَعَارِفِه»
“Ҳар кӣ дар баровардани ҳоҷати бародари мусалмони худ талош кунад, Худованди мутаъол ҳазорон некӣ дар китоби аъмоли ӯ менависад, ва ҳатто хешу табор, ҳамсояҳо ва бародарони динӣ ва ошноёнаш ба сабаби он, мағфирати илоҳӣ мегиранд.” Кофи, ч. 2, с. 197, х. 6).
Садоқат бо мардум
«عَلَیْکَ بِصِدْقِ الْحَدِیثِ وَ أَدَاءِ الْأَمَانَةِ! تَشْرِکُ النَّاسَ بِأَمْوَالِهِمْ هَکَذَا». (بحارالانوار، ج۴۷، ص۳۸۵)
“Бар шумо бод ба ростгӯе ва амонатдорӣ , ки дар ин сурат бо моли мардум шарик мешавед .” («Биҳорул-анвор», ҷ. 47, саҳ. 385).
Хушрафторӣ бо мардум
«ثَلاثَةٌ مَنْ أَتَى اللَّهَ بِوَاحِدَةٍ مِنْهُنَّ أَوْجَبَ اللَّهُ لَهُ الْجَنَّهَ؛ الْإِنْفَاقُ مِنْ اقْتِارٍ، وَ الْبِشْرُ لِجَمِیعِ الْعَالَمِ، وَ الْإِنصَافُ مِنْ نَفْسِه»
“Се кораст, ки ҳар кас яке аз онҳоро барои ризои Худо анҷом диҳад, Худованд биҳиштро бар ӯ воҷиб мекунад : Инфоқ кардан ба ҳангоми тангдастӣ ва ниёз , хушрӯе бо мардум ва бо як чашм ба ҳақи худ ва дигарон нигоҳ кардан.” (Ал-Кофи, ҷ. 2, с. 103).
Ба мардум сухани нек гуфтан
«مَعَاشِرَ الشِّیعَةِ کُونُوا لَنَا زَیْنًا وَلَا تَکُونُوا عَلَیْنَا شَیْنًا قُولُوا لِلنَّاسِ حُسْنًا وَ احْفَظُوا أَلْسِنَتَکُمْ وَ کُفُّوهَا عَنْ الْفُضُولِ وَ قُبْحِ الْقَوْلِ»؛
“эй шиъёни мо! Обрӯ ва зинат мо бошеду боиси нанг ва беобрӯе мо набошед , бо мардум хуб суҳбат кунед , забонатонро ҳифз кунед ва аз ҳарфҳои изофӣ ва зишт бипарҳезед .” ("Биҳорул-анвор", ҷ. 65, саҳ. 15).
Ҳифзи шаъну эътибори мардум
إِنَّ شِرَارَکُمْ مَنْ أَحَبَّ أَنْ یُوَطَّأَ عَقِبُهُ؛
“Касоне, ки дар пеши мардум роҳ рафтанро дӯст медоранд ва мардум аз паси онҳо қадам мезананд, бадтарин мардуманд.”(Усулул-кофй, ч. 2, с. 299, с. 8).
Таъмини зиндагии мардум
ثَلاثَةُ أَشْیَاءَ یحْتَاجُ النَّاسُ طُرًّا إِلَیْهَا: الْأَمْنُ وَ الْعَدْلُ وَ الْخِصْبُ؛
«Се чиз aст, ки ҳамаи мардум ба фаровонӣ ниёз доранд: амният, адолат ва ҳосилхезӣ»; (Биҳорул-анвор, ҷ. 75, саҳ. 234, саҳ. 44).
Эҳтиром ба андешаи мардум
لَا تَفَتِّشِ النَّاسَ عَنْ أَدْیَانِهِمْ فَتَبْقَى بِلا صَدِیقٍ؛
"Дарбора ақидаҳои мардум ҷустуҷӯ накунед, ки бедӯст хоҳед монад." (Биҳорул-анвор, ҷ. 75, саҳ. 253, Ҳ. 109).
Айбпӯшӣ аз хатохои мардум
«إِیَّاکَ وَ اللَّجَاجَةَ أَوْ تَمْشِی فِی غَیْرِ حَاجَةٍ أَوْ أَنْ تَضْحَکَ مِنْ غَیْرِ عَجَبٍ وَ اذْکُرْ خَطِیئَتِکَ وَ إِیَّاکَ وَ خَطَایَا النَّاسِ»
“Аз лиҷоҷату якравӣ , хандаҳои бемаънӣ , баррасии гуноҳони мардуму дахолат дар корҳое, ки бо ту иртибот надорад , парҳез кун”.