Вазирони хориҷаи Эрон ва Миср дар ҳошияи понздаҳумини иҷлоси сарони Созмони ҳамкории исломӣ дар Банҷули пойтахти Гамбия , дар бораи охирин таҳаввулоти минтақа ва ҳамчунин вазъияти борика Ғазза гуфтугу ва ройзани карданд.
Ҷумҳурии исломии Эрон дар ростои муқобила бо иқдомоти террористӣ дар минтақаи Ғарби Осиё, иқдом ба эъмоли таҳрим алайҳи чанд ниҳоду шахси амрикоӣ ва англис кард.
Созмони Афви байналмилал эълом кард, низомиёни режими саҳюнистӣ дар ҳадаф қарор додани ғайрнизомиён дар борикаи Ғазза аз силоҳҳои амрикоӣ истифода мекунанд.
Иёлоти Муттаҳидаи Амрико панҷ қисм аз артиши режими саҳюнистиро ба иллати ҳаводиси қабл аз ҷанги Ғазза поймолкунандаи ҳуқуқи башар донист.
Абдулбории Атвон сардабири рузномаи фароминтақаи Раъюлявм ва таҳлилгари шинохташудаи ҷаҳони араб дар мақолаи ҷадиди худ ба мавзуи эътирозоти густардаи зидди исроилӣ дар донишгоҳҳои Амрико ишора карда ва навишт ман ҳаргиз дар зиндагиами чеҳрае монанди чеҳраи вақеҳи Бинямин Натаняҳу нахуствазири режими ишғолгар надидаам ки бо интишори видеои дар платформи твитер инқилоби донишҷуӣ дар донишгоҳҳои Амрикоро маҳкум карда ва онро ба масобаи яҳудиситези донист.
Хонаводаҳои асирони саҳюнист ва ҳазорон нафар аз мухолифони кабинаи Натаняҳу муқобили бинои Вазорати ҷанги режими саҳюнистӣ дар Тел-Авив тазоҳурот карданд.
Муовини дабири кули Ҳизбуллоҳи Лубнон бар вокуниши кубанда бо ҳар таҳарруки режими саҳюнистии зидди муқовимат таъкид кард.
Тазоҳуроти донишҷуён дар Амрико алайҳи таҷовузоти режими саҳюнистӣ ба навори Ғазза ба донишгоҳҳои Каролинои шимолӣ ва Арезиона низ кашида шуд.
Мардум дар ин роҳпаймоӣ, ки бо шиори «Ҳамроҳ бо Ғаззаи сарбаланд, басиҷ ва омодагӣ» баргузор шуд, зимни баёнияе ҷиноятҳои ишғолгаронро маҳкум ва хостори тадовуми амалиёти неруҳои муқовимат алайҳи ишғолгарон ва ҳомиёни он шуданд.
Вазири умури хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрон бар зарурати поёни ҷанг ва наслкушии режими саҳюнистӣ дар борикаи Ғазза таъкид кард ва гуфт: Исроил омил решаии тамоми танишҳо ва вахомати авзоъ дар минтақа аст.