Апрел 28, 2024 11:17 Asia/Dushanbe
  • Тазоҳуроти густарда зидди Натаняҳу дар Тел-Авив
    Тазоҳуроти густарда зидди Натаняҳу дар Тел-Авив

Хонаводаҳои асирони саҳюнист ва ҳазорон нафар аз мухолифони кабинаи Натаняҳу муқобили бинои Вазорати ҷанги режими саҳюнистӣ дар Тел-Авив тазоҳурот карданд.

Ба гузориши хабаргузории Садо ва Симо ба нақл аз шабакаи телевизиюнӣ Алҷазира, муътаризон барканории нахуствазири режими саҳюнистӣ ва кабина уро хостор шуданд .

Бо юриши неруҳои амниятӣ ба муътаризон, тазоҳурот ба хушунат кашида шуд. Хонаводаҳои асирони саҳюнисти ҳам бо барафрухтани оташ дар хиёбони Аёлун дар Тел-Авив имзои фаврии тавофуқномаи мубодилаи асиронро хостор шуданд.

Расонаҳои ибри гузориш доданд садҳо муътариз ҳам дар баробари маҳали истиқомати нахуствазири режими саҳюнистӣ дар минтақаи Қисорё, таҷаммуъи эътирози барпо карданд.

Барчасп