Май 09, 2024 18:39 Asia/Dushanbe
  • Фармондеҳи кулли артиши Эрон: Амалиёти танбеҳии”Ваъдаи содиқ” нобудии Исроилро суръат бахшид

Фармондеҳи кулли артиши Ҷумҳурии Исломии Эрон гуфт, амалиётҳои Тӯфон-ул-Ақсо ва Ваъдаи содиқ раванди нобудии режими ғосиб ва кӯдакуши Исроилро суръат бахшид.

Ба гузориши ИРНА, амир, сарлашкар Сайид Абдурраҳим Мусавӣ-фармондеҳи кулли артиши Ҷумҳурии Исломии Эрон рӯзи панҷшанбе дар ҳошияи маросими эҳдои нишони Фидокорӣ ба панҷ хонаводаи шаҳид ва 2 ҷонбози артиши Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Машҳад, маркази устони Хуросони разавӣ,шимолу шарқи Эрон бо ишора ба фармоиши Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ дар бораи инки Исроил 25 соли ояндаро нахоҳад дид, тасреҳ кард, Амалиётҳои Тӯфон-ул-Ақсо (7 октябр 2023) ва Ваъдаи содиқ раванди нобудии режими саҳюнистиро суръат бахшид.

 

 

Барчасп