Май 10, 2024 17:12 Asia/Dushanbe
  • Раҳбари инқилоби исломӣ - ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ
    Раҳбари инқилоби исломӣ - ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ

Раҳбари муаззами инқилоби исломии Эрон пас аз ҳузур дар марҳалаи дувуми интихоботи дувоздаҳумин давраи Маҷлиси Шӯрои исломӣ гуфтанд: Аҳамияти марҳалаи дувуми интихобот камтар аз марҳалаи аввал нест ва мардум бо ҳузури худ маҷлисро такмил кунанд.

Ба гузориши пойгоҳи иттилоърасонии дафтари мақоми муаззами раҳбарӣ, ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ, Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ субҳи имрӯз - ҷумъа дар аввалин дақоиқи оғози раъйгирии марҳалаи дувуми интихоботи дувоздаҳумин давраи Маҷлиси Шӯрои исломӣ дар Теҳрон, бо ҳузур дар ҳусайнияи имом Хумайнӣ (раҳ), дар ин давр аз интихобот, ки ба сурати электронӣ баргузор шуд, ширкат карданд.

Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ баъд аз ширкат дар интихобот бо ишора ба тафовут надоштани марҳалаи аввалу дувуми интихобот, таъкид карданд: Аҳамияти марҳалаи дувум камтар аз марҳалаи аввал нест ва мардум бо ҳузури худ дар ин марҳала аз интихобот, маҷлисро такмил кунанд.

Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ интихоботро нишонаи ҳузури мардум ва иродаву тасмимгирии онон донистанд ва гуфтанд: Вазифаи миллии ҳар фарди дӯстдори пешрафти кишвар ва наздик шудани он ба мақосиди бузург, ширкат дар интихобот аст.

Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ хотирнишон карданд: Ҳарчӣ раъй бештар бошад, маҷлис қавитар хоҳад буд ва ҳарчӣ маҷлис қавитар бошад, имкони кор дар кишвар бештар аст.

Дуюмин марҳала аз интихоботи дувоздаҳумин давраи Маҷлиси Шӯрои исломии Эрон соати 8 субҳи имрӯз - ҷумъа оғоз шуд.

Ин интихобот дар 22 ҳавза, 15 устон, 47 фармондорӣ ва 81 бахшдорӣ баргузор мешавад ва 90 номзад барои 45 курсии боқимондаи Маҷлиси Шӯрои исломии Эрон бо якдигар рақобат мекунанд.

 

Барчасп