Май 10, 2024 20:22 Asia/Dushanbe
  • Сарбозони ҷинояткори исроилӣ ва қаҳрамонтарошӣ аз онҳо
    Сарбозони ҷинояткори исроилӣ ва қаҳрамонтарошӣ аз онҳо

Ба гуфтаи як муҳаққиқи мустақил, ки нахост номаш фош шавад, рафтори аҷиби исроилиҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ нишон медиҳад, ки ҷомеаи Исроил таҳти як равонпарешии ҷамъӣ аст.

Ҳангоме ки корбарон ба таври маъмул рӯйи барномаҳои дўстёбӣ дар Исроил клик мекунанд, ағлаб бо тасовири сарбозони ҷинояткори саҳюнистӣ дар Ғазза мувоҷеҳ мешаванд.

Ин тасовир тифи васеъе аз сарбозонро дар бар мегирад, ки дар юниформ лабханд мезананду туфангро дар тасвир пушти заминаи ғуруби офтоб боло мебаранд то як муҳтавои садистӣ тавлид кунанд.

Исроилиҳо муддатҳост, ки фаъолиятҳои низомии худро дар эпликейшнҳои дӯстёбии Tinder ва Hinge ба намоиш гузоштаанд, аммо миқёсу шиддати аксҳо аз замони шурӯи таҷовуз ба Ғазза ташдид шудааст.

Ҳар ду эппликейшни Tinder ва Hinge баён мекунанд, ки муҳтавои хушунатомез дар платформҳояшон мамнуъ аст.

Дар бештари профилҳо, мардоне бо либосҳои низомӣ ва аслиҳаҳои басташуда ба сина дида мешавад, аммо бархе аз онҳо дар ҳоли оташ кушодан ба саҳнаи набард ҳастанд.

Тактирандозҳо бо сароҳат дар муқобили дурбин жест мегиранд ва бархе аз сарбозон дар миёни харобаҳо роҳ мераванд.

Дар яке аз аксҳо, як сарбоз дар муқобили сохтмоне, ки дар ҳоли сӯхтан асту парчами Исроил кошта шуда, лабханд мезанад.

Дар дигаре, як сарбоз дар муқобили маҷмӯае аз либосҳои зери занонаи овезоншуда бар девори як хонаи фаластинӣ жест мегирад, ки сокинони он эҳтимолан ба зӯр овора шуда ё дар бадтарин ҳолат кушта шудаанд.

Бо анҷоми рафторҳои хушунатомез чӣ дар Ғазза ва чӣ дар платформаҳои маҷозӣ, ки дар байни исроилиҳо бисёр роиҷ аст, ирсолу мушоҳидаи муҳтавои тасвире аз як минтақаи ҷангӣ акнун на танҳо одӣ, балки табдил ба як тафреҳи мавриди алоқа шудааст. Ҳангоме ки шумо ҷинояти ҷангиро одӣ кунеду ҷинояткорони ҷангиро ба қаҳрамонони ҷанг табдил кунед, қатъан ин ҷинояткорон барои духтарони исроилӣ гузинаҳои ҷаззобе хоҳанд буд.