Вуқуи сониҳа барои болгарди раисиҷумҳури Эрон ва ҳайати ҳамроҳ
Ахбори таъйиднашуда аз вуқуи сониҳа барои чархболи ҳомили раиси Ҷумҳурии исломии Эрон дар минтақаи Ҷулфо, шимоли ғарби Эрон ҳикоят дорад.
Ба гузориши Хабаргузории садо ва симо, бино бар эъломи масъулон, талоши тимҳои имдодӣ барои расидан ба маҳалли сониҳа идома дорад.
Шароити сахти обу ҳавоӣ ва меҳи сангин талоши гуруҳҳои имдодиро бо сахтӣ рӯ ба рӯ кардааст.
Аҳмади Ваҳидӣ, вазири кишвари Эрон ҳам дар гуфтугӯ бо Хабаргузории садо ва симо, бо баёни инки гуруҳҳои имдодӣ ҳанӯз ба маҳалли ҳодиса нарасидаанд, афзуд, иртибот бо ҳамроҳони раиси ҷумҳурӣ барқарор шуда, аммо шароити минтақа ба гунае аст, ки расидан ба маҳалли ҳодиса сахт аст.
Ба гуфтаи вазири кишвари Эрон, ҳамроҳони раиси ҷумҳурӣ дар масири баргашт бо чанд болгард бармегаштанд, ки яке аз онҳо ба хотири вазъияти ҳавоӣ маҷбур ба фурӯди сахт мешавад. Гуруҳҳои имдодӣ дар ҳоли ҳаракат ба самти маҳал ҳастанд.
Ахбори такмилӣ пас аз дарёфт аз манобеи расмӣ мутаоқибан мунташир хоҳад шуд.