Паёми таслияти Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ ва эъломи азои умуми дар пайи шаҳодати раиси ҷумҳур ва ҳайати ҳамроҳ
(last modified 2024-05-20T13:09:49+00:00 )
Май 20, 2024 18:09 Asia/Dushanbe
  • Паёми таслияти Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ ва эъломи азои умуми дар пайи шаҳодати раиси ҷумҳур ва ҳайати ҳамроҳ
    Паёми таслияти Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ ва эъломи азои умуми дар пайи шаҳодати раиси ҷумҳур ва ҳайати ҳамроҳ

Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ дар паёми шаҳодати Сайид Иброҳими Раисӣ раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон ва ҳайати ҳамроҳро таслият гуфтанд.

Ба гузориши пойгоҳи итилоърасонии дафтари мақоми муаззами раҳбарӣ, ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ имруз душанбе дар паёми шаҳодати Сайид Иброҳими Раисӣ раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон, Амирабдуллоҳён вазири умури хориҷа, ҳуҷҷатулислом валмуслимини Оли Ҳошим намоянда валии фақиҳ дар Озарбойҷони Шарқӣ, Молики Раҳматӣ, устондори Озарбойҷони Шарқӣ ва ҳамроҳони гиромии ишон дар сониҳаи ҳавоиро таслият гуфтанд.

Матни паёми таслияти Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ ба ин шарҳ аст:

Бисмиллоҳир Раҳмонир Раҳим

انا لله و انا الیه راجعون

Бо андуҳу таассуфи фаровон хабар талхи даргузашти шаҳодатгунаи олими муҷоҳид, раиси ҷумҳури мардуми ва бо кифоят ва пурталош, ходими имом Ризо(а) ҷаноби ҳуҷатулислом валмуслимин Сайид Иброҳими Раисӣ ва ҳамроҳони гиромии ишон ризвонуллоҳ алайҳимро дарёфт кардам.

Раҳбари муаззами инқилоб исломӣ гуфтанд ин ҳодисаи ногувор дар аснои як талоши хизмати расонӣ иттифоқ афтод, ҳамаи муддати масъулияти ин инсони бузургвор ва фидокор чи дар даврони кутоҳи раёсати ҷумҳурӣ ва чи пеш аз он яксара ба талош бевақфа дар хизмати ба мардум ва ба кишвар ва ба ислом сипарӣ шуд.

Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ хотирнишон кард, Раисии азиз хастаги намешинохт дар ин ҳодисаи талх, миллати Эрон, хидматгузори самими ва мухлис ва бо арзиширо аз даст дод, барои у салоҳу ризояти мардум ки ҳоки аз ризоят Илоҳӣ аст бар ҳамаи чиз тарҷеҳ дошт аз ин ру озурдагиҳояш аз носипосӣ ва таъни бархе бадхоҳон, монеъи талоши шабонарузяш барои пешрафту ислоҳи умури намешуд.

Раҳбари муаззами инқилоб исломӣ фармуданд, дар ин ҳодисаи сангин шахсиятҳои барҷастаи монанди ҳуҷатулислом Оли Ҳошим имоми ҷумъаӣ маҳбуб ва муътабари Табрез, Ҳусейн Амирабдуллоҳиён вазири хориҷаи муҷоҳид ва фаъол, Молики Раҳмати устондори инқилобӣ ва мутадайини Озарбойҷони Шарқӣ ва гуруҳи парвозӣ ва дигари ҳамроҳон низ ба раҳмат Илоҳӣ пайвастанд.

Раҳбари муаззами инқилоб исломӣ афзуданд, инҷониби панҷ руз азои умуми эълом мекунам ва ба миллати азизи Эрон таслият мегуям ва Муҳаммади Мухбир тибқи асли 131 қонуни асосӣ дар мақоми мудирияти қувваи муҷрия қарор мегирад ва муваззаф аст ба ҳамроҳии раисони қувои муқаннана ва қазоия тартиб диҳанд ки зарфи ҳаддиаксари панҷоҳ рузи раиси ҷумҳури ҷадид интихоб шавад.

Сайид Иброҳими Раисӣ ходими ҳазрати имом Ризо(а) ва ҳаштумин раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон ки асри якшанбеи 30 урдибиҳишти 1403 мусодиф бо 19 моҳ май 2024 дар масири бозгашт аз маросими ифтитоҳи сади Қизи Қалъаиси ба самти шаҳри Табриз дар минтақаи Варзақони устони Озарбойҷони Шарқии дучори сониҳаи ҳавоӣ шуда буд ба ҳамроҳи тамомии ҳамроҳон ба шаҳодат расиданд.

Ҳуҷҷатулислом Оли Ҳошим, намоянда валии фақиҳ ва имоми ҷумъаи Табриз, Ҳусейн Амирабдуллоҳиён, вазири умури хориҷаи Эрон, Молики Раҳматӣ, устондори Озарбойҷони Шарқӣ, сардор Сайид Меҳдии Мусавӣ фармондиҳи ягони ҳифозати раиси ҷумҳури ва теъдодӣ аз муҳофизин ва хадамаи болгард аз сарнишинони болгарди ҳомили раис ҷумҳури буданд.

Барчасп