Вокуниши вазири умури хориҷаи Эрон ба изҳороти раисҷумҳури Амрико
(last modified 2024-10-19T06:39:13+00:00 )
Октябр 19, 2024 11:39 Asia/Dushanbe
  • Вокуниши вазири умури хориҷаи Эрон ба изҳороти раисҷумҳури Амрико

Вазири умури хориҷаи Эрон ба паёмадҳои изҳороти ахири Ҷо Байден-раисҷумҳури Амрико ҳушдор дод.

Ҷо Байден-раисҷумҳури Амрико дар поёни сафар ба Берлин эълом кард аз инки режими Исроил чӣ гуна ва чӣ замоне қарор аст ба ҳамалоти мушакии Эрон посух бидиҳад, иттилоъ дорад.

Сайид Аббос Ироқчӣ-вазири умури хориҷаи Эрон дар паёме дар шабакаи иҷтимоии "Х"бо ишора ба мусоҳибаи ахири раиси ҷумҳури Амрико навишт, ҳар, ки илм ва огоҳӣ аз "замон ва чигунагии ҳамлаи Исроил ба Эрон" дошта бошад ва ё таҷҳизот ва пуштибонӣ барои чунин ҳамоқате дар ихтиёр қарор дода бошад, мантиқан масъулияти ҳар гуна хисорати эҳтимолиро бар уҳда хоҳад дошт.

 Вазири умури хориҷаи Эрон ҳамчунин дар бораи шаҳодати раиси дафтари сиёсии Ҷунбиши муқовимати исломии Фаластин (Ҳамос) дар шабакаи иҷтимоии Х ба забони арабӣ навишт,« Яҳё Ал-Синвор тарсе аз марг надошт, балки дар Ғазза дар ҷустуҷӯи шаҳодат буд; Ў шуҷоъона то охирин нафас дар саҳнаи набард ҷангид.

 Раиси дастгоҳи дипломосии Эрон тасреҳ кард: Сарнавишти шаҳид Синвор ба зебоӣ дар охирин тасвир ба намоиш даромадааст; Касеро аз идома набард мунсариф намекунад, балки манбаи илҳомбахш хоҳад шуд.

 Яҳё Синвор-раиси дафтари сиёсии Ҷунбиши муқовимати исломии Фаластин (Ҳамос) рӯзи чаҳоршанбе 16 октябр дар ҳоли набард бо душмани ишғолгари саҳюнистӣ дар шаҳри Рафаҳ ( ҷануби борикаи Ғазза) ба шаҳодат расид.

 

Барчасп