Гамоназаниҳо дар бораи шаҳодати Яҳё Синвор
Саҳоб. Манобеи хабарӣ аз шаҳодати Яҳё Иброҳим Синвор, раиси дафтари сиёсии Ҷунбиши муқовимати исломии Фаластин (ҲАМОС), ба дасти низомиёни режими саҳюнистӣ хабар доданд.
Манобеи саҳюнистӣ ва бархе манобеи ғарбӣ эълом карданд, Яҳё Иброҳим Синвор, раиси дафтари сиёсии Ҷунбиши ҲАМОС дар даргирӣ бо низомиёни исроилӣ дар борикаи Ғазза ба шаҳодат расид.
Ҷунбиши муқовимати исломии Фаластин - ҲАМОС ҳанӯз хабари шаҳодати Синворро таъйид накардааст.
Дар айни ҳол бархе аз изҳори назар дар борикаи Ғазза ва манотиқи ишғолии Фаластин ҳикоят аз шаҳодати Яҳё Иброҳим Синвор дорад.
Яҳё Иброҳим Синвор чанде пеш ба ҷои шаҳид Исмоил Ҳания ба унвони раиси дафтари сиёсии Ҷунбиши муқовимати исломии Фаластин (ҲАМОС) таъйин шуд.