Даргузашти Нависандаи мардумии Тоҷикистон - Мирзо Шакурзода
Мирзо Шакурзода, Нависандаи мардумии Тоҷикистон дар синни 75-солагӣ чашм аз ҷаҳон фурӯ баст.
Дар ин бора бародари марҳум Обид Шакурзода, донишманди тоҷик хабар дод. Ӯ гуфт, бародараш аз дарди ҷигар ранҷ мекашид ва имрӯз дар зодгоҳаш деҳаи Худгифи Сояи ноҳияи Мастчоҳ даргузашт.
Маросими ҷанозаи ин нависандаи номошнои тоҷик пагоҳ, 19-уми октябр, соати 10:00 дар зодгоҳаш баргузор мегардад.
Ба Мирзо Шакурзода 29-уми августи соли ҷорӣ унвони Нависандаи мардумии Тоҷикистон тақдим гардид.
Шакурзода 1-уми сентябри соли 1949 дар деҳаи Худгифи Сояи ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ ба дунё омадааст. Ишқи сухан, муҳаббати адабиёту матбуот ӯро ба машҳуртарин даргоҳи маърифати кишвар Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон овард. Соли 1973 бахши рӯзноманигории факултаи филологияи тоҷики донишгоҳи мазкурро ба поён расонд ва дар бахши гуфторҳои адабию драмавии Радиои Тоҷикистон, рӯзномаи «Тоҷикистони Советӣ» (1973—1982), интишороти «Адиб» (1983—1984) ва муддате ба унвони арзёб дар радиои тоҷикии “Садои Хуросон” ба фаъолияти журналистӣ ва адабӣ пардохтааст.
Нахустин очерки ҳуҷҷатияш «Баҳодури Дилварзин» (дар ҳамкорӣ бо Мулло Боқӣ) соли 1976 ва китоби очерку мақолаҳояш «Ситораҳои рахшанда» соли 1986, маҷмӯаи ҳикояву қиссаҳои «Теғи ҷонбахш» соли 1989 дар нашриёти «Адиб» интишор шудаанд.
Дувоздаҳ сол дар Ҷумҳурии Исломии Эрон (1992—2004) ва Афғонистон (1985—1977) фаъолият кардааст. Мавсуф дар ин давра ва баъди он заҳмати зиёд кашида, бо алифбои ниёкон ва кирилӣ дар Кобул, Теҳрону Душанбе ва Пешовари Покистон 20 китоби илмӣ ва пажӯҳишӣ ба чоп расондааст, ки «Тоҷикон дар масири таърих» (1994, 1997, 2006), «Кӯҳкане аз користони дил» (1992, 2001), «Парниёну ҳариру абрешим» (маҷмӯаи мақолаҳои илмӣ ва публитсистӣ; 2002), «Ҷонпайванд» (маҷмӯаи мақолаҳои илмӣ ва публитсистӣ; 2006), «Тоҷикон дар қаламрави Ориёно» (30 мақола роҷеъ ба тоҷикон ва таъриху фарҳанги онон; 2006, 2007, 2009), «Ашки сари мижгони ман» (маҷмӯаи шеърҳо; 2004), «Тоҷикон, ориёиҳо ва фалоти Эрон» (маҷмӯаи мақолаҳо дар бораи тоҷикону ориёиёну эрониён; 1999, 2001, 2003), «Себи Самарқанд» (гулчини ҳазор рубоӣ аз фолклори тоҷик; 2001, 2008), «Ҳамосаи родмардони Хуросон» (2008), «Кимиёгари дурри дарӣ» (ба забонҳои форсӣ, русӣ ва инглисӣ, 2009), «Размоварони Ҳиндукуш» (2009) ва «Тӯшаи умри падар» (2013) аз он ҷумлаанд.
Ҳамчунин, «Наводири Зиёия»-и Шарифҷон Махдуми Садри Зиё (1997), эпоси қирғизии «Манас» (1977), баргузидаи ашъори устод Лоиқ «Рӯҳи Рахш» (1999), маҷмӯаҳои «Ашки тӯфон» (1994) ва «Гулчини ашъор»-и хонум Гулрухсор (2001), рисолаҳои «Ғарбзадагӣ»-и Ҷалоли Оли Аҳмад (2008), «Қуръон ва табиат»-и Муртазо Мутаҳҳарӣ (1996, 2014), «Масъалаи ҳиҷоб»-и ҳамин муаллиф (1998) дар баргардону таҳияи мавсуф дастраси тоҷикону эрониён гардонида шудаанд. Барои «Донишномаи адаби форсӣ» (Теҳрон, 1996) беш аз 500 мақола навиштааст. Дар соли 2014 таълифи романеро таҳти унвони «Тӯфони тавсан» ба поён расонд, ки бобҳое аз ин роман дар моҳномаи «Садои Шарқ» (№ 11) интишор ёфт.
Мирзо Шакурзода соҳиби теъдоде унвону ҷоизаҳо, аз ҷумла Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Корманди шоистаи Тоҷикистон ва Ҷоизаи ба номи Садриддин Айнӣ сарфароз гардонида шудааст.
Радиои тоҷикии “Садои Хуросон” ва сайти “Порс-тудей”-и тоҷикӣ даргузашти Мирзо Шакурзода, Нависандаи мардумии Тоҷикистонро ба хонаводаи он маҳрум, ҷомеаи Тоҷикистон ва ҳамаи форсизабонон ва форсидӯстон таслият мегӯяд.