Чаро дарди фаластиниҳо дида намешавад ?
https://parstoday.ir/tg/news/west_asia-i122738-Чаро_дарди_фаластиниҳо_дида_намешавад
Порси Тудей - Дар Ғазза , ҳеҷ шаби оромӣ вуҷӯд надорад ; на пеш аз оташбас ва на пас аз эъломияи сулҳи Sharm El-Sheikh .
(last modified 2025-11-04T08:48:29+00:00 )
Ноябр 04, 2025 13:48 Asia/Dushanbe
  • Чаро дарди фаластиниҳо дида намешавад ?
    Чаро дарди фаластиниҳо дида намешавад ?

Порси Тудей - Дар Ғазза , ҳеҷ шаби оромӣ вуҷӯд надорад ; на пеш аз оташбас ва на пас аз эъломияи сулҳи Sharm El-Sheikh .

Middle east eye   ба тозагӣ дар матлабе ба қалами « Лабно Масорво » навишт : Дар ҳоле ки раҳбарони ҷаҳон дар Sharm El-Sheikh , тафреҳгоҳи соҳилии Миср бо лабханд ва даст додан бо Доналд Трамп раиси ҷумҳӯри Амрико аз поёни даргириҳо дар Ғазза сухан мегуфтанд , артиши Исроил бевақфа ба бомбаборони Ғазза идома дод ; Гӯйӣ ҳатто барои нафас кашидан ҳам макс намекард . Ба гузоришиПорси Тудей , режими саҳюнистӣ танҳо як рӯзи пас аз оташбас , ҷони беш аз 104 ғайринизомии фаластиниро гирифт ; Аз ҷумла 46 кӯдак ва 18 узви як хонавода . Бисёре аз қурбониён ҳатто ном надоштанд ; бесадо ва беҳувият шаҳид шуданд .

Барои ҷаҳон , фаластиниҳо дигар инсон нестанд ; табдил шудаанд ба мавҷӯдотӣ беэҳсос , бегузашта , бедостон ва беоянда . Дар ҳоле ки расонаҳои исроилӣ бо ҷузъиёт аз зиндагии асирони худ мегӯянд . Аз ғизоҳои мавриди алоқаашан то лаҳзаи бозгашташон ба оғӯши хонавода , ҳеҷ кас барои кӯдакони шаҳиди ғазза ашк намерезад .

Дар рӯзи оташбас , телевизиони Исроили саҳнаеро пахш кард ; ҳамсари як асири Исроилӣ , писари панҷ солаашро бедор мекард то хабари бозгашти падарро бидиҳад . Муҷриони телевизион ашк дар чашм доштанд . Аммо ҳамон рӯз , артиши Исроил ба хонаҳои зиндониёни фаластинӣ дар Каронаи Бохтарӣ ҳамла кард ; касоне ки қарор буд озод шаванд . Хонаводаҳо таҳдид шуданд ки ҳақи шодӣ надоранд , ҳатто агар азизашон озод шавад .

 Рузон , духтари яке аз зиндониён фаластинӣ гуфт : « сарбозон ба хонаи мон ҳамла карданд , моро таҳдид карданд ва ҳатто иҷоза надоданд касе барои падарам табрики бифиристад . » Дар ҳамон ҳамла , як ҷавон захмӣ шуд ва чанд нафари дигари мавриди зарбу шатм қарор гирифтанд .

Дар Ғазза , Ҳайсами Солим , зиндонии озодшудаи фаластинӣ , пас аз озодиаш фаҳмид ки ҳамсар ва се фарзандаш дар ҳамалоти Исроил шаҳид шудаанд . Дар бемористон , бо гиря гуфт : « Оё фарзандонам зиндаанд ? На . . . Онҳо мурдаанд . Чаҳор рӯзи дигар таваллуди духтарам буд . » Дастбандеро ки дар зиндон барои духтараши сохта буд , боло гирифт ва гуфт : « Инро барояш дуруст кардам , бо дасти худам . »

 Духтари ӯ ҳам сини писари ҳамон асири исроилӣ буд ки таваллудашро чанд рӯзи пеш ҷашни гирифта буд . Аммо барои Солим , на ашкӣ рехта шуд ва на касе боқӣ монда буд то аз озодиаш истиқбол кунад .

Дар ҳоле ки Исроил мудом аз « ҳақи дифо аз худ » сухан мегуяд , ҳеҷ кас аз мардуми Ғазза ё Каронаи Бохтарӣ дифо намекунад . Ҳатто ҷон беш аз 68000 фаластинӣ , аз ҷумла 20000 кӯдак , кофӣ нест то ҷаҳони вокунише нишон диҳад .

Дар як шаб , бомбҳои исроилӣ метавонанд ҷони садҳо нафарро бигиранд . Исроил пеш аз ҳамла , фақат ба Амрико итилоъ медиҳаду фардои он рӯз , « оташбас » дубора эълом мешавад ; Пеш аз он ки ҳатто аҷсоди кӯдакон дафн шаванд .

Давлатҳое, ки эъломияи  Sharm El-Sheikh-ро имзо карданд , ба фаластиниҳо тавсия мекунанд ки танҳо роҳ расидан ба истиқлол , музокира аст , на муқовимат . Аммо Исроил нишон дода ки ҳеҷ тавофуқеро риоят намекунад .

Мадели ҷадид аз « пасоҷанг » дар ҳоли шаклгирӣ аст ; Муделе, ки Исроил тарроҳӣ карда ва раҳбарони арабу мусулмон , бо лабханд ва даст додан бо Трамп , онро таъид кардаанд . Дар ин мадел , « ҳақи дифо » ҷои худро ба « ҳақи посух » дода ки дар амал яъне муҷаввизи доиме барои куштори фаластиниҳо , ҳар замон, ки Исроил бихоҳад .