Дурахшиши ду андешаманди эронӣ дар феҳристи ҷаҳонии ЮНЕСКО
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i122710-Дурахшиши_ду_андешаманди_эронӣ_дар_феҳристи_ҷаҳонии_ЮНЕСКО
Порс-Тудей. Созмони омӯзишӣ, илмӣ ва фарҳангии Созмони Милали Муттаҳид (ЮНЕСКО) номи ду чеҳраи барҷастаи эрониро дар феҳристи бузургдоштҳои ҷаҳонии солҳои 2026 то 2027 сабт кард.
(last modified 2025-11-04T03:39:35+00:00 )
Ноябр 03, 2025 10:01 Asia/Dushanbe
  • Боязиди Бастомӣ ва аллома Сайид Муҳаммадҳусайни Таботабоӣ, ду чеҳраи барҷастаи эронӣ
    Боязиди Бастомӣ ва аллома Сайид Муҳаммадҳусайни Таботабоӣ, ду чеҳраи барҷастаи эронӣ

Порс-Тудей. Созмони омӯзишӣ, илмӣ ва фарҳангии Созмони Милали Муттаҳид (ЮНЕСКО) номи ду чеҳраи барҷастаи эрониро дар феҳристи бузургдоштҳои ҷаҳонии солҳои 2026 то 2027 сабт кард.

ЮНЕСКО дар нишасти умумии худ дар Самарқанд номи ду чеҳраи барҷастаи эронӣ - Боязиди Бастомӣ ва аллома Сайид Муҳаммадҳусайни Таботабоиро дар феҳристи бузургдоштҳои ҷаҳонии солҳои 2026 то 2027 сабт кард. Иқдоме ки ба гуфта коршиносон таъйид бар нақши тамаддуни эронӣ - исломӣ дар тарвиҷи гуфтугӯ, ақлоният ва маънавияти ҷаҳонӣ аст.

ЮНЕСКО бо тасвиби бузургдошти ҳазору саду панҷоҳумин солгарди вафоти Боязиди Бастомӣ, орифи номдори эронӣ, бо ҳимояти Арманистон, Тоҷикистон ва Туркия ва низ садумин солгарди ҳаёти илмии аллома Таботабоӣ бо пуштибонии ҷумҳурии Озарбойҷон, Ироқ ва Покистон, ҷойгоҳи ҷаҳонии андешаи эрониро барҷаста сохт.

Боязиди Бастомӣ - намоди ишқ, мудоро ва ёдгирии модомулумр ва аллома Таботабоӣ - муфассиру файласуфи пайванддиҳандаи фалсафаи исломӣ ва ғарбӣ, ҳар ду аз чеҳраҳое ҳастанд, ки андешаашон ба ҳамгароии фарҳангии башар ёрӣ расондааст.

Ҳамчунин Эрон дар сабти бузургдошти Робиаи Балхӣ, оятуллоҳ Муҳаммадбоқири Садр ва Бокӣ, шоири туркияӣ низ нақши фаъол дошт.