Ончӣ намехоҳанд бидонед| Судон сарзамине тиллоии гирифтори тавтеагарони ҷаҳонӣ
https://parstoday.ir/tg/news/world-i122728-Ончӣ_намехоҳанд_бидонед_Судон_сарзамине_тиллоии_гирифтори_тавтеагарони_ҷаҳонӣ
Порс-Тудей. Судон, ки акнун даргири ҷанги дохилӣ аст, кишваре бо тавонмандиҳову нуқоти қуввати фаровон аст. Ин сарзамин солҳост, ки даргири набарде идомадор миёни ҳувияти асили исломии африқоии худ ва низоми султаи ҷаҳонӣ аст.
(last modified 2025-11-05T03:42:41+00:00 )
Ноябр 03, 2025 20:28 Asia/Dushanbe
  • Нақшаи Судон ва Судони Ҷанубӣ
    Нақшаи Судон ва Судони Ҷанубӣ

Порс-Тудей. Судон, ки акнун даргири ҷанги дохилӣ аст, кишваре бо тавонмандиҳову нуқоти қуввати фаровон аст. Ин сарзамин солҳост, ки даргири набарде идомадор миёни ҳувияти асили исломии африқоии худ ва низоми султаи ҷаҳонӣ аст.

Ба гузориши “Порс-Тудей”, кишвари Судон то пеш аз ҷудоии Судони Ҷанубӣ, бузургтарин сарзамини арабӣ - исломии қораи Африқо ва нуҳумин кишвари паҳновари ҷаҳон ба шумор мерафт.

Қарор гирифтан дар муҷовирати дарёи Сурх, ҳамсоягӣ бо ҳашт кишвари муҳими қора ва убури рӯди Нил аз миёни он, Судонро ба яке аз ҳассостарин нуқоти геополитикии ҷаҳон бадал кардааст. Бо вуҷуди зарфиятҳои иқтисодиву фарҳангии фаровон, аз манобеи ғании маъданӣ, мазореи ҳосилхез ва неруи инсонии ҷавон гирифта то мавқеияти роҳбурдии беназир, Судон аз замони истиқлол дар соли 1956 мелодӣ то кунун шоҳиди беш аз 20 кудатои низомӣ, ду ҷанги дохилии азим ва садҳо ҳазор куштаву овора будааст. Акнун Судон даргири ҷанги дохилӣ байни Неруҳои мусаллаҳи Судон (SAF) ва Неруҳои вокуниши сареъ (RSF) аст, ки талафоти инсонӣ ва хисороти моливу моддии зиёдеро мутаваҷҷеҳи ин кишвари васеи африқоӣ кардааст.

Дар идома, нигоҳе гузаро ба нуқоти қуввати Судон дар абъоди мухталиф хоҳем дошт:

- Судон дар шимоли шарқии қораи Африқо қарор дорад. Ин кишвар то қабл аз ҷудо шудани Судони Ҷанубӣ даҳумин кишвари ҷаҳон аз назари вусъат буд. Судон акнун низ кишваре паҳновар бо як миллиону 886 ҳазор километри мураббаъ масоҳат аст. Заминҳои Судон дашти густардае асту кӯҳҳову баландиҳои он дар ҷанубу дуртарини нуқтаи ғарбии он қарор доранд. Судон дар минтақаи мадории Африқо қарор гирифтааст.

- Рӯди Нили сафеду Нили обӣ - шоҳрагҳои ҳаётии Судон ҳастанд ва беш аз ҳар омили дигар тамаддун, ҳаёти иқтисодиву кишоварзии онро мумкин сохтаанд. Бахши шимолии кишвар умдатан биёбонест, аммо навоҳии марказиву ҷанубӣ заминҳои ҳосилхез доранд, ки кишти панбаву ғаллот дар он решае таърихӣ дорад. Аз назари иқлимӣ Судон аз гармтарин манотиқи мадории ҷаҳон аст, аммо ҳамин гармо ҳамроҳ бо хоки ғанӣ ва оби Нил, онро ба яке аз мустаъидтарин заминҳои қораи Африқо табдил кардааст.

- Дарёи Сурх дар марзи шарқии Судон як шоҳроҳи ҳаётӣ дар тиҷорати ҷаҳонӣ аст. Контрол ё нуфуз бар савоҳили Судон дар ин дарё ба маънои назорат бар масири киштиронӣ миёни Осиё, Ховари Миёна ва Аврупо аст. Ин аҳамияти стратегӣ Судонро ҳамвора ҳадафи тавваҷуҳи қудратҳои бузург, ба вижа пас аз буҳронҳои минтақа ва тавсеаи банодири рақиб, қарор додааст.

- Нафт яке аз муҳимтарин манобеи табиии Судон аст, аммо ин санъат бо чолишҳои бузурге рӯ ба рӯ аст. Истихроҷи нафт дар Судон аз даҳаи 1970 оғоз шуд ва дар даҳаи 1990 бо мушорикати ширкатҳои хориҷӣ густариш ёфт. Ҷудоии Судони ҷанубӣ аз Судон, бузургтарин зарба ба ваҳдату иқтисоди ин кишвар буд. Аксари чоҳҳои нафт дар манотиқи ҷанубӣ қарор дошт ва бо эъломи истиқлоли Ҷуба, Хартум манобеи аслии даромадашро аз даст дод. Пеш аз ҷудоии ҷануби Судон дар соли 2011, ин кишвар ҳудуди 500 ҳазор бушка дар рӯз тавлид мекард, аммо пас аз он ҳудуди 75 дарсади манобеи нафтиашро аз даст дод. Дар солҳои ахир тавлиди нафт ба ҳудуди 30 то 60 ҳазор бушка дар рӯз коҳиш ёфтааст. Ҷанги дохилӣ ва тахриби зерсохтҳо, аз ҷумла полоишгоҳҳову хутути лӯла, санъати нафтро дар остонаи фурӯпошӣ қарор додааст. Қабл аз соли 2011 мелодӣ нафт ҳудуди ниме аз даромадҳои давлатро таъмин мекард. Пас аз ҷудоӣ, Судон маҷбур шуд барои касби даромад ба шиддат бар манобеи дигар, ба вижа маодини тилло ва молиётҳои сангин аз кишоварзӣ такя кунад. Вазъияти иқтисодии Судон пас аз истиқлоли Судони Ҷанубӣ аз он бо вахомати фазояндае мувоҷеҳ буда ва ба даромадҳои нафтӣ дар ин кишвар латмаи зиёде ворид шуд ва ин мавзуъ сабаб шуд то давлати Судон тасмим бигирад, ки сиёсатҳои риёзатиро барои контроли авзои иқтисодӣ ба иҷро бигузорад.

- Судон яке аз ғанитарин кишварҳои Африқо аз назари манобеи маъданӣ асту маодини он нақши муҳиме дар иқтисоди ин кишвар ифо мекунанд. Судон ба далели танаввуи заминшиносии худ, дорои манобеи маъдании фаровоне аст. Муҳимтарин маъдани ин кишвар тилло аст, ки аз даврони бостон дар манотиқи шимолӣ монанди водии Ҳалфо то Атбара истихроҷ мешудааст. Манотиқи дигаре монанди Ҷиболулбаҳр Алаҳмар ва ҷануби Нил Алазрақ низ дорои захоири қобили таваҷҷуҳе аз тилло ҳастанд. Дар бархе манотиқ ғилзати тилло ба беш аз 100 грам дар ҳар тон мерасад. Илова бар тилло, Судон дорои захоири курум, оҳан, манганез, мис, нуқра, озбест, мико, толк, гач, намак ва рухом аст. Курум умдатан дар Ҷибол Аланқасно, дар иёлати Нил алазрақ ёфт мешавад, дар ҳоле ки мис дар манотиқе монанди Ҳуфра Аланҳос дар Дорфури ғарбӣ вуҷуд дорад.