Имом Хоманаӣ: Тасхири сафорати Амрико ҳувияти ҳақиқии давлати Амрикоро равшан кард + аксҳо
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i122724-Имом_Хоманаӣ_Тасхири_сафорати_Амрико_ҳувияти_ҳақиқии_давлати_Амрикоро_равшан_кард_аксҳо
Порс Тудей - Имом Хоманаӣ дар ҷамъи ҳазорон нафар аз донишомӯзону донишҷӯёни саросари Эрон изҳор доштанд: Тасхири сафорати Амрико ҳувияти ҳақиқии давлати Амрикоро равшан кард.
(last modified 2025-11-04T09:02:11+00:00 )
Ноябр 03, 2025 18:47 Asia/Dushanbe
  • Имом Хоманаӣ: Тасхири сафорати Амрико ҳувияти ҳақиқии давлати Амрикоро равшан кард + аксҳо
    Имом Хоманаӣ: Тасхири сафорати Амрико ҳувияти ҳақиқии давлати Амрикоро равшан кард + аксҳо

Порс Тудей - Имом Хоманаӣ дар ҷамъи ҳазорон нафар аз донишомӯзону донишҷӯёни саросари Эрон изҳор доштанд: Тасхири сафорати Амрико ҳувияти ҳақиқии давлати Амрикоро равшан кард.

Ҳазорон тан аз донишомӯзону донишҷӯён ва ҷамъе аз хонаводаҳои шуҳадои ҷанги таҳмилии 12 рӯзаи режими саҳюнистӣ алайҳи Эрон дар остонаи солрӯзи тасхири сафорати Амрико ба унвони маркази тавтеъа ва нақшапардозӣ бар зидди Инқилоби Исломӣ дар сездаҳуми обони соли 1358, бо имом Хоманаӣ, раҳбари инқилоб дидор карданд.

Ба гузориши Порс Тудей ба нақл аз торнамои дафтари ҳифзу нашри осори ҳазрати оятуллоҳулузмо Хоманаӣ, раҳбари Инқилоби Исломӣ ин рӯзро рӯзи «ифтихору пирӯзӣ» ва рӯзи «равшан шудани ҳувияти ҳақиқии давлати истикбории Амрико» хонданд.

Дидори ҳазорон нафар аз донишомӯзону донишҷӯёни саросари Эрон бо раҳбари инқилоб

Раҳбари Инқилоби Исломӣ бо таъкид бар зарурати сабти ин рӯз дар ҳофизаи миллӣ, бо табйини собиқаи душмании Амрико бо миллати Эрон таъкид карданд: Ихтилофи Ҷумҳурии исломӣ ва Амрико, ихтилофи зотӣ ва тақобули манофеи ду ҷараёни Амрико ва Ҷумҳурии исломӣ аст ва танҳо дар сӯрате, ки Амрико пуштибонии худро аз режими малъуни саҳюнистӣ ба таври комили қатъ ва пойгоҳҳои низомии худро аз минтақа ҷамъоварӣ кунад ва дар умӯри он низ дахолат накунад, дархости амрикоиҳо барои ҳамкорӣ бо Эрон на дар ояндаи наздик, балки барои баъдҳо, қобили баррасӣ хоҳад буд.

Дидори ҳазорон нафар аз донишомӯзону донишҷӯёни саросари Эрон бо раҳбари инқилоб

Раҳбари Инқилоби Исломӣ бо ишора ба решаи қуръонӣ калимаи «истикбор» онро ба маънии худбартарбинӣ хонданд ва гуфтанд: Гоҳе фард ё давлате худро бартар медонад, аммо ба манофеи дигарон дастандозӣ намекунад, ки дар ин сӯрат боиси барангехтани душманӣ намешавад, аммо гоҳе ҳамчун давлати Англия дар даврае ва имрӯз Амрико, ба худ ҳақ медиҳад бо дастдарозӣ ба манофеи ҳаётии миллатҳо барои онҳо таъйини таклиф кунад ё дар кишваре, ки давлати қавӣ ва мардуми ҳӯшёре надорад барои худ пойгоҳҳои низомӣ эҷод кунад ва ё нафту манобеи миллатҳоро ғорат кунад, ки ин ҳамон истикборе аст, ки мо бо он хусумат дорем ва алайҳи он шиор медиҳем.

Дидори ҳазорон нафар аз донишомӯзону донишҷӯёни саросари Эрон бо раҳбари инқилоб

Имом Хоманаӣ дар баёни собиқаи хусумати Амрико бо миллати Эрон гуфтанд: Пас аз машрӯта барои ҳудӯди 40 сол, Эрон ё даргир ҳарҷу марҷу ошуфтагӣ буд ё бо дастандозии давлатҳои бегона ва ё истибдоди хашин ва диктатории бераҳми Ризохон мувоҷеҳ буд то инки дар ҳудӯди соли 1329 ба лутфи Худо, давлати миллии Мусаддиқ дар кишвар рӯи кор омад, ки дар муқобили англисиҳо истод ва тавонист нафти кишварро, ки тақрибан муфт дар ихтиёри онҳо буд, миллӣ кунад.

Эшон бо ишора ба тавтеаҳои Англия ва ҳамроҳони он барои аз кор андохтани давлати Мусаддиқ, содаандешӣ ва ғафлати ӯ дар кумак хостан аз Амрико барои раҳоӣ аз шари Англияро ёдовар шуданд ва афзуданд: Амрикоиҳо ба Мусаддиқ лабханд заданд, аммо аз пушт бо ҳамдастии англисиҳо кудато роҳ андохтанд ва бо соқит кардани давлати миллӣ, шоҳи фирориро ба Эрон бозгардонданад.

Дидори ҳазорон нафар аз донишомӯзону донишҷӯёни саросари Эрон бо раҳбари инқилоб

Эшон сарнагӯнии давлати миллиро зарбае сахт ба миллати Эрон хонданд ва афзуданд: Миллати мо, Амрико ва хуи истикборӣ ва хатари онро бо кудатои 28 мурдоди 1332 шинохт ва пас аз кудато ва бозгашти шоҳ низ 25 соли диктатории сахту хашини Муҳаммадризо бо пуштибонӣ ва кумаки Амрико тадовум ёфт.

Дидори ҳазорон нафар аз донишомӯзону донишҷӯёни саросари Эрон бо раҳбари инқилоб

Раҳбари Инқилоби Исломӣ нахустин мувоҷиҳаи Амрико бо Инқилоби Исломиро мусаввабаи хасмонаи маҷлиси Сенои Амрико хонданд ва бо ишора ба барангехта шудани хашми умумӣ аз роҳ додани Муҳаммадризо ба Амрико, афзуданд: Миллати Эрон эҳсос кард, ки амрикоиҳо бо сокин кардани Муҳаммадризо дар онҷо, дар пайи такрори кудатои 28 мурдоду заминасозӣ барои бозгардондани ӯ ба Эрон ҳастанд, бинобар ин, хашмгин ба хиёбонҳо омаданд, ки бахше аз тазоҳуроту ҳаракати мардумӣ бо ҳузури донишҷӯён мунҷар ба тасхири сафорати Амрико шуд.

Дидори ҳазорон нафар аз донишомӯзону донишҷӯёни саросари Эрон бо раҳбари инқилоби

Эшон қасди аввалияи донишҷӯёнро ҳузури ду се рӯза дар сафорат ва сирфан инъикоси хашми мардуми Эрон ба дунё хонданд ва хотирнишон карданд: Аммо донишҷӯён асноде дар сафорат ёфтанд, ки нишон дод умқи қазия фаротар аз тасаввурот ва сафорати Амрико маркази тавтеъа ва нақшакашӣ барои нобудии инқилоб аст.

Дидори ҳазорон нафар аз донишомӯзону донишҷӯёни саросари Эрон бо раҳбари инқилоб

Имом Хоманаӣ тафсири ҳодисаи тасхири сафорат ба унвони мабдаи мушкилоти Амрико ва Эронро дақиқ надонистанд ва хотирнишон карданд: Мушкили мо бо Амрико аз 28 мурдоди 32 оғоз шуд ва на 13 обони 58. Ба илова, тасхири сафорат боиси кашфи тавтеъа ва хатаре бузург алайҳ инқилоб шуд, ки донишҷӯён бо анҷоми ин кори муҳим ва канори ҳам гузоштани аснод тавонистанд моҳияти он тавтеъаро фош кунанд.

Дидори ҳазорон нафар аз донишомӯзону донишҷӯёни саросари Эрон бо раҳбари инқилоб

Раҳбари Инқилоби Исломӣ изҳороти афроде, ки сардодани шиори «марг бар Амрико»-ро иллати хусумати Амрико бо миллати Эрон медонанд, ворунанависии таърих хонданд ва афзуданд: Ин шиор масаълае нест, ки Амрико бахотири он ингуна бо миллати мо муъориза кунад. Масаълаи Амрико бо Ҷумҳурии исломӣ, носозгории зотӣ ва тақобули манофе аст.

Имом Хоманаӣ бо ишора ба саволи бархе афроди мабнӣ бар инки «мо дар баробари Амрико таслим нашудем, аммо оё то абад ҳам бо он робита нахоҳем дошт», гуфтанд: Аввалан зоти истикбории Амрико чизе ҷуз таслимро қабул намекунад, ки инро ҳамаи руасои ҷумҳури Амрико мехостанд, аммо ба забон намеовараданд, вале раисиҷумҳури феълии онро ба забон овард ва дар воқеъ ботини Амрикоро лу(ошкор кард) дод.

Дидори ҳазорон нафар аз донишомӯзону донишҷӯёни саросари Эрон бо раҳбари инқилоб