Ҳамла ба ному дини Мамдони/ Шаҳона Ҳаниф: Исломҳаросӣ дигар ҷавоб намедиҳад
-
Зуҳрон Мамдонӣ, номзади интихоботи шаҳрдории Ню-Йорк
Порс-Тудей. Барак Абама, раиси ҷумҳурии пешини Амрико ба Зуҳрон Мамдонӣ, номзади интихоботи шаҳрдории Ню-Йорк пешниҳоди мушовира дод.
Таҳлилгарони сиёсӣ муътақиданд, пирӯзии эҳтимолии Зуҳрон Мамдонӣ дар интихоботи 4 ноябри шаҳрдории Ню-Йорк зилзилае сиёсӣ дар саҳнаи дохилии Амрико ва равобити миёни Вашингтон – Тел-авив аст, чаро ки лобии Исроил (AIPAC), ки солҳо бо сармоягузории сангин бар кандидатҳо таъсир мегузошт, акнун дар шаҳре бо ҷамъияти қобили тавваҷуҳи яҳудӣ, бо шаҳрдоре мунтақид рӯ ба рӯ хоҳад шуд, ки метавонад ҷасорати дигар сиёсатмадорон барои интиқод аз Исроилро афзоиш диҳад.
Пирӯзии Мамдонӣ - ин номзади сотсиал - демократ метавонад дар интихоботи раёсати ҷумҳурии 2028-и Иёлоти Муттаҳидаи Амрико нақши таъйинкунандае доштаву заминаро барои зуҳури номзаде мушобеҳи усули ӯ фароҳам кунад.
Ба гузориши “Порс-Тудей”, Барак Абама, раиси ҷумҳурии пешини Амрико дар тамосе телефонӣ бо Зуҳрон Мамдонӣ, номзади интихоботи шаҳрдории Ню-Йорк, пешниҳоди мушовираро ба ин номзади демократи шаҳрдорӣ дод. Абама зимни тамҷид аз корзори интихоботии вай гуфт, ки метавонад дар оянда нақши мушовирро барои ӯ ифо кунад.
Иттиҳоми яҳудиситезӣ алайҳи Мамдонӣ
Дар ҳамин ҳол Эрик Адамс, шаҳрдори пешини Ню-Йорк ба ҳамроҳи Андру Комо, фармондори пешин, Мамдониро “хатарнок” хонданд. Комо ӯро муттаҳам кард, ки бо интиқодоти тунд аз Исроил, ба яҳудиситезӣ доман мезанад.
Ҳамла ба ному дини Мамдонӣ
Аз сӯи дигар, дар конфронси муҳофизакории миллӣ чандин суханрон ба ному дини Мамдонӣ ҳамла карданд. Стив Бенон, мушовири собиқи Трамп ин сотсиалист-демократро “марксисту ҷиҳодӣ” хонд.
Исломҳаросӣ дигар ҷавоб намедиҳад
Шаҳона Ҳаниф, муттаҳиди сиёсии Мамдонӣ ба телевизиони Эй Би Си Нюз гуфт, ки исломҳаросӣ ба унвони абзоре барои тарсондани мардум ба кор гирифта мешавад, аммо ин равиш дигар ҷавоб намедиҳад.
Мамдонӣ намояндаи хонаводаҳои коргар
Дар ҳамин робита Берни Сандерз, сенатори барҷастаи аҳли Вермонт ва аз мухолифини сарсахти Трамп низ гуфт: “Шаҳрдор Мамдонӣ “намояндаи табақаи миллиардерҳо” нахоҳад буд, балки намояндаи хонаводаҳои коргар хоҳад буд. Дар соли 2025, замоне ки афроди дар раъси қудрат ҳаргиз то ин ҳад қудрати иқтисодӣ ва сиёсӣ надоштаанд, оё мумкин аст мардуми оддӣ, мардуми табақаи коргар гирди ҳам оянд ва ин олигархҳоро шикаст диҳанд? Қатъан метавонем”.