Пирӯзии тими ҳандболи соҳилии навҷавонони Эрон дар дуввумин гоми қаҳрамонии Осиё
(last modified 2024-10-18T13:47:09+00:00 )
Октябр 18, 2024 18:47 Asia/Dushanbe
  • Пирӯзии тими ҳандболи соҳилии навҷавонони Эрон дар дуввумин гоми қаҳрамонии Осиё

Саҳоб - Тими ҳандболи соҳилии навҷавонони Эрон дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё дар дуввумин бозии худ, тими Урдунро шикаст дод.

Ба гузориши хабаргузории Садо ва симо, тими ҳандболи соҳилии навҷавонони Ҷумҳурии Исломии Эрон дар дуввумин дидори худ дар сеюмин давраи мусобиқоти ҳандболи соҳилии қаҳрамонии навҷавонони Осиё ба масофи тими Урдун рафт ва тавонист бо ғалаба бар ин тим, дуввумин пирӯзии худро сабт кунад.

Навҷавонони ҳандболи соҳилии Эрон, нимаи аввали ин бозиро бо пирӯзии 18 ба 12 ба поён расонданд ва дар нимаи дуввум низ бо тасаллут бар бозӣ, ин нимаро ҳам бо натиҷаи 15 ба 8 ва дар ниҳоят 2-0 ба поён расонданд.

 

Барчасп