Ҳайати Тоҷикистон дар 12-умин Ҳамоиши байналмилалии варзиш дар Уфа
(last modified Fri, 18 Oct 2024 13:52:23 GMT )
Октябр 18, 2024 18:52 Asia/Dushanbe
  • Ҳайати Тоҷикистон дар 12-умин Ҳамоиши байналмилалии варзиш дар Уфа

Ҳайати Тоҷикистон дар давоздаҳумин Ҳамоиши байналмилалии варзиш дар Уфа ширкат дорад.

Ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба раёсати Зулфиқор Гулаҳмадзодаҳ, раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши ҷумҳурӣ дар 17 октябр дар маросими ифтитоҳияи намоишгоҳи давоздаҳумин Ҳамоиши байналмилалии варзиш таҳти унвони «Русия- мамлакати варзишӣ» ширкат кард.

Дар ин ҳамоиш намояндагон беш аз 20 кишвари ҷаҳон ҳузур доранд. Ҳадаф аз баргузории он тавсеаи равобити варзишии байналмилалӣ ва табодули таҷрибиёт байни кишварҳо аст.