Таъкид бар иқдомоти ҷамъӣ ва якпорчаи кишварҳо барои муқобила бо чолишҳои ҷаҳон
(last modified 2024-10-19T09:58:26+00:00 )
Октябр 19, 2024 14:58 Asia/Dushanbe
  • Таъкид бар иқдомоти ҷамъӣ ва якпорчаи кишварҳо барои муқобила бо чолишҳои ҷаҳон

Сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон муқобила бо чолишҳои гуногун дар ҷаҳон имрӯзро ниёзманди иқдомоти ҷамъӣ ва якпорчаи кишварҳо донист.

 Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон , Алиризо Ҳақиқиён, сафири Эрон дар Тоҷикистон, рӯзи ҷумъа 18 октябр дар мизи гирди «Соли тавсеаи пойдори Созмони ҳамкории Шанхай» , ки ба муносибати раёсати Чин бар ин созмон (дар солҳои 2025-2024) дар шаҳри Душанбе баргузор шуд, ширкат кард.

 Ҳақиқиён дар бахше аз суханронии худ бо ишора ба ҷиноёти ғайриинсонии режими террористии кӯдаккуши ишғолгари саҳюнистӣ алайҳи ғайринизомиён дар Ғазза ва Лубнон, муқобила бо чолишҳои мутааддид дар ҷаҳони имрӯзро ниёзманди иқдомоти ҷамъӣ ва якпорчаи кишварҳо донист.

 Вай ҳамчунин зимни эъломи омодагии Ҷумҳурии Исломии Эрон ҷиҳати ҳамкорӣ ва мушорикат дар ибтикорот ва барномаҳои тарҳрезишуда дар чорчуби Созмони Шанхай, ба таври хос бар лузуми тавсеаи ҳамкориҳо дар бахши ҳамлу нақл ва транзит ба унвони як унсури муҳим ва асосӣ дар тавсеаи иқтисодӣ ва таҳкими субот таъкид кард.