Май 20, 2024 13:19 Asia/Dushanbe
  • Ирсоли паёми таслияти Эмомалӣ Раҳмон ба Сайид Алии Хоманаӣ
    Ирсоли паёми таслияти Эмомалӣ Раҳмон ба Сайид Алии Хоманаӣ

Эмомалӣ Раҳмон, Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Раҳбари муаззами Инқилоби Исломии Эрон, ҳазрати оятуллоҳ Сайид Алии Хоманаӣ паёми таслият ирсол кард.

Ба гузориши сомонаи раисиҷумҳур, дар ин паёми Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст:  

«Олиҷаноб,

Хабари даргузашти фоҷеабори раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон Сайид Иброҳими Раисӣ ва ҳайати ҳамроҳи эшон боиси андуҳи гарони мо ва тамоми мардуми Тоҷикистон гардид.

Мо ба шахсияти Сайид Иброҳими Раисӣ ҳамчун арбоби барҷастаи давлатӣ арҷ мегузорем, саҳми созандаи зиндаёдро дар рушду нумӯи ҳамаҷонибаи муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкориҳои судманди Тоҷикистону Эрон, ҳалли масъалаҳои минтақаиву байналмилалӣ баланд арзёбӣ менамоем.

Дар робита ба ин талафоти бузург ба Шумо, Олиҷаноб, мардуми дӯсту бародари Эрон, аҳли хонавода ва наздикони ҷонбохтагон ҳамдардӣ ва таслияти самимии инҷонибро иброз менамоям.

Аз Худованди мутаол барои шаҳидшудагон раҳмату мағфират ва ба мардуми кишвари дӯсти Эрон сабри ҷамил хоҳонам.

Дар ин лаҳзаҳои ғамангез дар канори Эрон ва мардуми он ҳастем».

Ёдовар мешавем, ки чархболи раисҷумҳури Эрон ва ҳайати ҳамроҳ дирӯз – якшанбе, пас аз ойини ифтитоҳи садди Қизқалъаси, ки дар марзи Эрону ҷумҳурии Озарбойҷон бо ширкати сарони ду кишвар баргузор шуд, дар бозгашт дар минтақаи Варзақони Озарбойҷони Шарқӣ (қаламрави Эрон) нопадид шуд. Субҳи имрӯз – душанбе расонаҳо аз шаҳодати оқои Раисӣ ва ҳайати ҳамроҳ, аз ҷумла оятуллоҳ Оли Ҳошим, имоми ҷумъаи Табрез, доктор Ҳусайни Амирабдуллоҳиён, вазири хориҷаи Эрон ва Молики Раҳматӣ, устондори Табрез низ дар ин сониҳа ба шаҳодат расиданд.

 

Барчасп