Азои умуми дар бархе кишварҳо дар пайи шаҳодати оятуллоҳ Раисӣ
(last modified Mon, 20 May 2024 16:24:39 GMT )
Май 20, 2024 21:24 Asia/Dushanbe
  • Азои умуми дар бархе кишварҳо дар пайи шаҳодати оятуллоҳ Раисӣ
    Азои умуми дар бархе кишварҳо дар пайи шаҳодати оятуллоҳ Раисӣ

Дар пайи шаҳодати оятуллоҳ Раисӣ, раёсати Ҷумҳурии Эрон ва ҳайати ҳамроҳ дар ҳодисаи суқути болгард, бархе кишварҳои ҷаҳон азои умуми эълом карданд.

Ба гузориши хабаргузории Садо ва Симо дар пайи шаҳодати оятуллоҳ Раисӣ, раёсати Ҷумҳури Эрон ва ҳайати ҳамроҳ дар ҳодисаи суқути болгард, бархе кишварҳои ҷаҳони азои умуми эълом карданд.

Се руз азои умуми дар Лубнон

Давлати Лубнон эълом кард, барои ҳамдардӣ бо миллати Эрон дар пайи сониҳаи болгарди раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон ва шаҳодати оятуллоҳ Сайид Иброҳими Раисӣ ва ҳамроҳонаш бо нимафроштани парчами Лубнон, се руз азои умуми эълом кард.

Эъломи азои умуми дар Покистон барои шаҳодати оятуллоҳ Раисӣ

Покистони ҳамзамон бо шаҳодати ҷонсузонаи оятуллоҳ Раисӣ ва ҳайати баландпояи ҳамроҳи ишон дар ҳодисаи суқути болгард дар ин кишвари азои умуми эълом кард.

Ба гузориши хабаргузории Садо ва Симо аз Исломобод, Шаҳбоз Шариф нахуствазири Покистон дар паёми шаҳодати доктори Сайид Иброҳими Раисӣ ва ҳайати баландпояи ҳамроҳи ишон дар ҳодисаи дардноки суқути болгардро таслият гуфт.