Май 20, 2024 12:48 Asia/Dushanbe
  • Таслияти Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳодати оятуллоҳ Раисӣ
    Таслияти Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳодати оятуллоҳ Раисӣ

Эмомалӣ Раҳмон, Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муовини аввали раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон - Муҳаммади Мухбир ба муносибати даргузашти оятуллоҳ Раисӣ ва ҳамроҳони ӯ дар сониҳаи ҳавоӣ паёми таслият ирсол кард.

Ба гузориши «Ховар», Эмомалӣ Раҳмон, Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Муҳаммади Мухбир, муовини аввали раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон паёми таслияти худро дар хусуси даргузашти раисҷумҳури Эрон ва ҳайати ҳамроҳ дар пайи сониҳаи ҳавоӣ ирсол кард.

Дар ин паём омадааст:

«Ҷаноби Олӣ,

Хабари фоҷеабори даргузашти Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон Саидиброҳими Раисӣ ва ҳайати ҳамроҳ бар асари суқути чархбол, боиси андуҳи амиқи мо ва тамоми мардуми Тоҷикистон гардид.

Мо ба шахсияти арбоби барҷастаи давлатӣ – Сайид Иброҳими Раисӣ арҷ мегузорем ва нақши ӯро дар густаришу таъмиқи робитаҳои дӯстӣ ва ҳамкориҳои гуногунҷанба миёни Тоҷикистону Эрон ва ҳалли масоили умдаи минтақаиву байналмилалӣ қадр мекунем.

Дар робита ба ин мусибати гарон ба Шумо, давлат ва мардуми дӯсту бародари Эрон, пайвандону наздикони шаҳидшудагон ҳамдардӣ ва таслияти самимии инҷонибро изҳор намуда, аз Худованди мутаол сабри ҷамил хоҳонам.

Дар ин лаҳзаҳои ғамангез дар канори Эрон ва мардуми он ҳастем».

Ёдовар мешавем, ки чархболи раисҷумҳури Эрон ва ҳайати ҳамроҳ дирӯз – якшанбе, пас аз ойини ифтитоҳи садди Қизқалъаси, ки дар марзи Эрону ҷумҳурии Озарбойҷон бо ширкати сарони ду кишвар баргузор шуд, дар бозгашт дар минтақаи Варзақони Озарбойҷони Шарқӣ (қаламрави Эрон) нопадид шуд. Субҳи имрӯз – душанбе расонаҳо аз шаҳодати оқои Раисӣ ва ҳайати ҳамроҳ, аз ҷумла оятуллоҳ Оли Ҳошим, имоми ҷумъаи Табрез, доктор Ҳусайни Амирабдуллоҳиён, вазири хориҷаи Эрон ва Молики Раҳматӣ, устондори Табрез низ дар ин сониҳа ба шаҳодат расиданд.

 

Барчасп