Май 11, 2024 11:25 Asia/Dushanbe
  • Аврупо мумкин аст бимирад/ гузидае аз суханронии намояндаи олии Иттиҳодияи Аврупо

Мо аврупоиҳо мехостем дар ҳамсоягии худ ҳалқае аз дӯстон эҷод кунем. Ба ҷой он, ончи имрӯз дорем ҳалқае аз оташ аст.

Ҷозеф Боррел, намояндаи олии Иттиҳодияи Аврупо дар сиёсати хориҷӣ ва умури амниятӣ дар ҷараёни як суханронӣ дар Донишгоҳи Оксфорди Англия ба ташреҳи назароти худ дар хусуси муҳиммтарин масоили ҷаҳон монанди ҷанги Украина, қазияи Фаластин, низоми байналмилалӣ, рушди қудрати Чин ва ҳамчунин лузуми истиқлоли бештари Аврупо аз вобастагии амниятӣ ба Амрико пардохт.

 Дар идома бахше аз ин суханрониро, ки дар сайти Хадамоти иқдоми хориҷии Аврупо мунташир шудааст, мехонед:

 «Системаи байналмилалие, ки пас аз ҷанги сард ба он одат карда будем, дигар вуҷуд надорад. Амрико мавқеияти гегемонеяи (султагари)и худро аз даст додааст. Ва назми ҷаҳонии чандҷониба пас аз 1945 дар ҳоли аз даст додани ҷойгоҳи худ аст. Чин дар ҳоли табдил шудан ба як абарқудрат аст. Ончи Чин дар 40 соли гузашта анҷом дода дар таърихи башарият беназир аст. Дар 30 соли гузашта саҳми Чин аз тавлиди нохолиси дохилии ҷаҳон (бар асоси қудрати баробарии харид), аз 6 дарсад ба тақрибан 20 дарсад расидааст, дар ҳоле ки мо аврупоиҳо аз 21 дарсад ба 14 дарсад ва Иёлоти Муттаҳида аз 20 дарсад ба 15 дарсад расидаем. Ин як тағйири чашмгир дар чашмандози иқтисодӣ аст.

 Чин дар ҳоли табдил шудан ба як рақиб барои мо ва Иёлоти Муттаҳида аст, натанҳо дар тавлиди колоҳои арзон, балки ба унвони як қудрати низомӣ, дар хатти муқаддами тавсеаи фановарӣ ва сохти фановариҳое, ки ояндаи моро шакл хоҳанд дод. Чин «дӯстии бидуни маҳдудият» бо Русияро оғоз кардааст.Ҳамзамон қудратҳои миёнӣ дар ҳоли зуҳур ҳастанд. Онҳо дар ҳоли табдил шудан ба бозигарони муҳимм ҳастанд. Чӣ [узв]и БРИКС бошанд ва чӣ ғайри ин созмон вижагиҳои муштараки бисёр каме доранд;ба ҷуз майл ба касби ҷойгоҳи бештар ва садои қавитар дар ҷаҳон ва ҳамчунин манфиати бештар барои тавсеаи худ. Барои расидан ба ин ҳадаф, онҳо истиқлоли худро ба ҳаддиаксар мерасонанд, тамоюле ба ҷонибдорӣ надоранд, баста ба лаҳза, баста ба савол, як тараф ё тарафи дигарро ҳимоят мекунанд. Мо аврупоиҳо мехостем дар ҳамсоягии худ ҳалқае аз дӯстон эҷод кунем. Ба ҷой он, ончи имрӯз дорем ҳалқае аз оташ аст. Ҳалқае аз оташ, ки аз соҳил ба Ховари Миёна, Кафқоз ва акнун ба майдонҳои набарди Украина мерасад.

 Дар бархе аз тангаҳои муҳим монанди баҳри Сурх мо ҳатто бо маъмуриятҳои неруи дарёии Иттиҳодияи Аврупо даргир ҳастем. Ҳамчунин ду ҷанг вуҷуд дорад, ки дар он мардум барои сарзамин меҷанганд. Ин нишон медиҳад ҷуғрофия бозгаштааст. Ба мо гуфта шуд ҷаҳонӣ шудан, ҷуғрофияро берабт кардааст, аммо на. Бештари даргириҳои минтақаи мо марбут ба замин аст; сарзамин аст. Сарзамине, ки дар мавриди Фаластин ба ду нафар ваъда дода шудааст ва дар мавриди Украина сарзамине дар чаҳорроҳи ду ҷаҳон. «ин сарзамини ман аст», «на, ин сарзамини ман аст». Ва ин мубориза барои замин, хунҳои зиёде мерезад.

 Ҳамзамон шоҳиди шитоби равандҳои ҷаҳонӣ ҳастем. Тағйироти иқлимӣ дигар мушкиле дар оянда нест. Фурӯпошии обу ҳаво дар ҳоли ҳозир инҷост, барои фардо нест, барои имрӯз аст. Таҳаввулоти фановарӣ ба вежа, ҳама дар мавриди ҳуши маснуӣ сӯҳбат мекунанд, тағйиротеро эҷод мекунад, ки мо наметавонем ба таври комил дарк кунем.

 Ҷамъият низ ба суръат дар ҳоли тағйир аст ва ҳангоме, ки ман дар мавриди таодули ҷамъиятӣ сӯҳбат мекунам, ман дар мавриди муҳоҷират сӯҳбат мекунам, ба вежа дар Африқо, ки дар он 25 дарсад аз ҷамъияти ҷаҳон дар соли 2050 зиндагӣ мекунад. Дар соли 2050, аз ҳар чаҳор инсон як нафар дар Африқо зиндагӣ мекунад ва дар айни ҳол шоҳиди афзоиши нобаробриҳо, коҳиши демокросӣ ва дар хатар афтодани озодиҳо ҳастем.

  Ин акс дар даҳаи 1930 дар Сенегал, ки дар он замон мустаъмараи Франса буд гирифта шудааст. Ин акс як аврупоиро нишон медиҳад, ки тавассути борбарони африқоӣ рӯйи курсӣ барои гузар аз рӯдхона ҳамл мешавад.

 Дар ин чашмандоз, нақши Иттиҳодияи Аврупо ва нақши Бритониё бояд таъриф шавад. Намедонам нақши мо кадом хоҳад буд. ҳушдорҳое мешунавем дар ин бора, ки Аврупо мумкин аст бимирад, на чизе камтар аз он. Бисёр хуб. Бояд чӣ кор кунем?»

 

Барчасп