Ҷашнвораи байналмилалии симпозиуми «Шашмақом» дар Душанбе баргузор мешавад
Ҷашнвораи байналмилалии «Шашмақом» имрӯз бо унвони «Чашмандози тавсеаи мусиқии суннатии мардумони Ховари Наздик ва Миёна дар шароити ҷаҳонӣ шудан» бо ҳузури ҳунармандон дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон баргузор мешавад.
Ба гузориши Ховар, ҳайатҳо ва коршиносони ҳунари аз Тоҷикистон, Озарбойҷон, Қазоқистон, Туркманистон, Узбакистон ва Эрон дар Вазорати фарҳанги Тоҷикистон ҳузур доранд.
Дар ин маросим барномаи консерти ҳунармандони тоҷик дар театри академии давлатии опера ва балети ба номи Садруддин Айнӣ баргузор мешавад, ҳамчунин дарсҳои маҳоратӣ ба сабкс «устод - шогирд» дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талбак Сатторов ва Донишгоҳи давлатии фарҳанг ва ҳунари Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода доир мешавад.