Май 09, 2024 18:27 Asia/Dushanbe
  • Шеърхонии муовини вазири умури хориҷаи Тоҷикистон дар ҳузури Ҳусайни Амирабдуллоҳиён

Ба гузориши Садои Хуросон, Фаррух Шарифзода, муовини вазири умури хориҷаи Тоҷикистон, ки барои ширкат дар дувумин даври ройзаниҳои сиёсӣ ва ҳамчунин нишасти муштараки консулии Ҷумҳурии Исломии Эрон ва ҷумҳури Тоҷикистон ба Теҳрон сафар кардааст, бо Ҳусайни Амирабдуллоҳиён,вазири умури хориҷаи Эрон дидору гуфтугӯ кард.

Амирабдуллоҳиён бо ишора ба дидорҳои раисони Ҷумҳурии исломии Эрон ва Тоҷикистон таъкид кард: Мо барои равобит бо кишвари дӯст ва бародари Тоҷикистон аҳамияти зиёде қоил ҳастем.

 Вазири умури хориҷаи Эрон ҳамчунин бо ишора ба раванди рӯ ба пешрафти равобити дуҷониба, бар суръатбахшидан дар иҷрои тавофуқоти раисони ҷумҳури ду кишвар таъкид кард.

 Фаррух Шарифзода, муовини вазири умури хориҷаи Тоҷикистон сухани худро дар ин дидор бо ин шеъри Рӯдакӣ оғоз кард,ки;

Ҳеҷ шодӣ нест андар ин ҷаҳон

Бартар аз дидори рӯйи дӯстон

Шарифзода таъкид кард ду кишвари ҳамсоя, бародар ва дӯсти Эрон ва Тоҷикистон бо забон, фарҳанг, таърих ва тамаддуни муштарак аз зарфиятҳои бисёр густурдае барои тавсеа ва тақвияти беш аз пеши равобит дар арсаҳои тиҷорӣ ва иқтисодӣ, фарҳангӣ ва омӯзишӣ бархурдоранд.

 

Барчасп