Ду рухдоди ҷадид дар иртибот бо ҷанги Яман рӯй додааст, ки ҳар ду муҳиму таъйинкунанда аст.
Узви Шӯрои сиёсии давлати наҷоти милли Яман таъкид кард, артиш ва нерӯҳои мардумӣ тавоноии ҳадаф қарор додани умқи хоки кишварҳои ҳамсояро доранд ва ҳадаф қарор додани таъсисоти нефтии душманон идома хоҳад дошт.
Раиси Кумитаи олии инқилоби Яман аз ҷадидтарин дастовардҳову пирӯзиҳои артиши ин кишвар дар набард бо аносури эътилофи мутаҷовизи саудӣ хабар дод.
Расонаҳои яманӣ эълом карданд, нерӯҳои артишу кумитаҳои мардумии Яман муваффақ шуданд пас аз набарди сангин дар ҷануби Маариб бар муҳимтарин ва бузургтарин пойгоҳи террористҳои Алқоида дар ин минтақа мусаллат шаванд.
Пас аз эъломи артиш ва Кумитаҳои мардумии Яман мабнӣ бар сарнагӯн кардани як паҳподи ҷосӯсии Саудӣ дар устони Маариб( шарқи пойтахти Яман), видеое аз лаҳзаи сарнагӯн кардани ин паҳпод мунташир шудааст.