Декабр 11, 2021 14:24 Asia/Dushanbe
  • Тасаллути комили нерӯҳои яманӣ бар муҳимтарин пойгоҳи Алқоида дар ҷануби Маариб

Расонаҳои яманӣ эълом карданд, нерӯҳои артишу кумитаҳои мардумии Яман муваффақ шуданд пас аз набарди сангин дар ҷануби Маариб бар муҳимтарин ва бузургтарин пойгоҳи террористҳои Алқоида дар ин минтақа мусаллат шаванд.

Ба гузориши "Вакола ал Саҳофия ал Ямния", неруҳои артишу кумитаҳои мардумии Яман пас аз даргириҳои шадид бо неруҳои Эътилофи мутаҷовизи саудӣ, кантроли пойгоҳи «Карӣ» муҳимтарин ва бузургтарин пойгоҳи Алқоида дар ҷануби Мааробро ба даст гирифтанд.

Бар асоси ин гузориш, нерӯҳои артишу кумитаҳои мардумии Яман ҳамчунин бар зарродхонаи бузурги силоҳ ва муҳимот дар ин пойгоҳ мусаллат шуданд.

Ба гуфтаи манобеи маҳаллӣ, Алқоида қасд дошт ҳангоми тасаллути комили неруҳои яманӣ бар Маариб аз ин силоҳҳо барои амалиётҳои террористӣ истифода кунад.

Ҳизби ислоҳ вобаста ба давлати мустаъфии Мансур Ҳодӣ (таҳти ҳимояти Арабистон) дар феврали гузашта беш аз 150 унсури Алқоидаро аз устони Hadhramaut, 100 унсурро аз устони Албизо ва 70 алқоидаии дигарро аз Абайн вориди Маариб кард.

Гуфтанист, пешрафти майдонии тозаи неруҳои артишу кумитаҳои мардумии Яман дар Маариб дар ҳоле сӯрат мегирад, ки набардҳо байни неруҳои Яман аз як сӯ ва муздурони саудӣ аз сӯи дигар дар ҷануби устони Маариб идома дорад.

Бештар бихонед:

 

Барчасп