Пирӯзиҳои густардаи неруҳои яманӣ дар набард бо Эътилофи саудӣ
Декабр 21, 2021 16:59 Asia/Dushanbe
Раиси Кумитаи олии инқилоби Яман аз ҷадидтарин дастовардҳову пирӯзиҳои артиши ин кишвар дар набард бо аносури эътилофи мутаҷовизи саудӣ хабар дод.
Ба гузориши рӯзи сешанбеи шабакаи “Алмасира”, Муҳаммадали Алҳуси, раиси Кумитаи олии инқилоби Яман гуфт, неруҳои муқовимати Яман тайи ҳафтаҳои ахир дастовардҳои муҳимеро дар набард бо аносури вобаста ба эътилофи мутаҷовизи саудӣ дар шаҳри Маъриб иҷро кардаанд.
Алҳуси гуфт, ки мақомоти саудӣ ва низ муттаҳидони онҳо дар чорчӯби эътилофи мутаҷовизи Яман ба ҳеҷ ваҷҳ интизори таҳаққуқи чунин дастовардҳоеро аз сӯи неруҳои муқовимати яманӣ надоштанд.