Фардо дар Душанбе ; нишасти раисони дафотири миллии марказии Интерполи Осиёи Марказӣ
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i100242
Нишасти раисони дафотири миллии марказии Интерполи Осиёи Марказӣ дар таърихи 29 то 30 март дар Душанбе баргузор мешавад .
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Март 28, 2023 13:15 Asia/Dushanbe
  •  Фардо дар Душанбе ; нишасти раисони дафотири миллии марказии Интерполи Осиёи Марказӣ

Нишасти раисони дафотири миллии марказии Интерполи Осиёи Марказӣ дар таърихи 29 то 30 март дар Душанбе баргузор мешавад .

Ба гузоришиХовар ” ба нақл аз Вазорати умӯри дохилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ин нишаст ба раёсати Абдулазизи Убайдуллоҳ-мудири ҳамкориҳои ҷаҳонии дабирхонаи Интерпол бо ҳузури раҳбарони вазорати умӯри дохилаи Ҷумҳурии Тоҷикистону намояндагон беш аз 16 кишвар баргузор мешавад .
Дар ин нишаст мавзӯъоти тавсеаву густариши ҳамкориҳои мутақобили сӯдманд дар чорчӯби созмони байналмилалии Интерпол ”, амнияти байналмилалӣ ва минтақаӣ, густариши бештари равобит дар заминаи мубориза бо тероризм, таҳдидоту хатароти муосир ва соири ҷиноёти созмонёфтаи фаромилӣ мавриди баррасӣ қарор хоҳад гирифт .