Апрел 07, 2023 18:40 Asia/Dushanbe
  • Ҷашни мелоди имом Ҳасан дар Сафорати ҶИЭ дар  ҶТ
    Ҷашни мелоди имом Ҳасан дар Сафорати ҶИЭ дар ҶТ

Маросими ҷашни мелоди имом Ҳасани Муҷтабо (а) дар Сафорати Ҷумҳурии исломии Эрон дар Тоҷикистон, бо ҳузури густардаи ошиқони аҳли байти исмату таҳорат (а) баргузор шуд.

Ба гузориши хабаргузории “Форс”, маросими ҷашни мелоди имом Ҳасани Муҷтабо (а) дар Сафорати Ҷумҳурии исломии Эрон дар Тоҷикистон, дирӯз - панҷшанбе бо ҳузури густардаи шахсиятҳои фарҳангӣ, эрониёни муқим ва ҳамчунин ширкаткунандагон ралли-тӯри фарҳангиву гардишгарии «Пайкҳои паёмовари Наврӯз», ки аз Эрон вориди Тоҷикистон шудаанд, баргузор шуд.

Муҳаммадтақии Собирӣ, сафири Ҷумҳурии исломии Эрон дар Тоҷикистон дар суханоне мелоди имом Ҳасани Муҷтабо (а)-ро ба дӯстдорони аҳли байт (а) ва кулли мусулмонони ҷаҳон табрик гуфт.

Дипломати эронӣ дар бахши дигаре аз суханони худ ба каромоти ахлоқӣ ва бахшандагии имом ба унвони яке аз боризтарин хислатҳои эшон ишора кард.

Дар ин маросими шодиву сурур 63 нафар ширкаткунандаи ралли-тӯри фарҳангиву гардишгарии «Пайкҳои паёмовари Наврӯз» низ, ки аз Эрон вориди Тоҷикистон шудаанд, ҳузур ёфтанд.

Ин маросим пас аз иҷрои чанд тарона тавассути Фахриддини Малик, хонандаи машҳури тоҷик бо сарфи ифтору пазироӣ аз ширкаткунандагон поён ёфт.