Апрел 07, 2023 23:56 Asia/Dushanbe
  • Тоҷикистон ва ИА
    Тоҷикистон ва ИА

Мақомоти Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо бо ҳадафи тавсеаи равобити дуҷониба дидору гуфтугӯ карданд.

Ба гузориши хабаргузории “Форс”, дар дидори муовини вазири умури хориҷаи Тоҷикистон ва раиси намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Душанбе, мавзуоти мухталиф бо ҳадафи тавсеаи равобити дуҷониба баррасӣ шуд.

Шараф Шерализода, муовини вазири хориҷаи Тоҷикистон ҷумъа бо раиси намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар шаҳри Душанбе дидору гуфтугӯ кард.

Вазъияти феълӣ ва чашмандози тавсеаи равобити дуҷониба байни Тоҷикистону Иттиҳоди Аврупо меҳвари ин гуфтугӯҳо будааст.

Масоили мавриди алоқаи ду тараф, аз ҷумла пайвастани Тоҷикистон ба системаи GSP –и Иттиҳоди Аврупо матраҳ ва баррасӣ шуд.

GSP - ҳазфи аворизи воридоти маҳсулот аз кишварҳои дар ҳоли тавсеа ба Иттиҳоди Аврупо аст.