Дидори мақомоти Тоҷикистону Молдова
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i100944-Дидори_мақомоти_Тоҷикистону_Молдова
Мақомоти Тоҷикистону Молдова бо якдигар дидор карданд.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Апрел 15, 2023 10:04 Asia/Dushanbe
  • Дидори мақомоти Тоҷикистону Молдова

Мақомоти Тоҷикистону Молдова бо якдигар дидор карданд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, сафири Тоҷикистон бо раиси утоқи бозаргонӣ ва саноеъи Молдова мулоқоту гуфтугу кард .
Дар ин гуфтугу тарафайн дар мавриди вазъияти кунунии равобити дуҷониба баҳсу табодули назар ва ба тақвияти ҳамкориҳои тиҷорӣ, иқтисодӣ, саноъату кишоварзӣ тавваҷуҳи вижа доштанд .
Таъкид шуд, ки ҳар ду кишвар дорои тавонмандиҳои густардаву фурсатҳои мусоид барои тавсеаи равобити мутақобили судманд ҳастанд .
Аз ин рӯ ба манзури тавсеаъи ҳамкориҳову афзоиши ҳаҷми мубодилоти тиҷории ду кишвар, таъсиси корхонаҳои муштараку нуқоти тиҷорӣ барои маҳсӯлоти кишоварзӣ ва саноъатӣ ва ҳамчунин баргузории ҳамоишҳои бозаргонони Тоҷикистону Молдова зарурӣ арзёбӣ шуд.