Апрел 15, 2023 10:41 Asia/Dushanbe
  • Дидори вазирони умӯри хориҷаи Тоҷикистону Қазоқистон

Вазирони умӯри хориҷаи Тоҷикистону Қазоқистон ба манзури заминачинӣ барои сафари ояндаи раиси ҷумҳӯри ин кишвар ба Остона бо якдигар гуфтугӯ карданд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Сироҷиддин Меҳриддин-вазири умӯри хориҷаи Тоҷикистон дар ҳошияи нишасти Шӯрои вузарои умӯри хориҷаи кишварҳои ИДМ ва чаҳорумин нишасти сарони ниҳодҳои дипломатии ҳамсояи Афғонистон дар Самарқанд бо вузарои умӯри хориҷаи Қазоқистон, Эрону Покистон дидор кард .
Дар дидори вазири хориҷаи Тоҷикистон бо Муроди Нуртлиу-вазири умӯри хориҷаи Қазоқистон масоили муҳимме ҳамчун равобити дуҷонибаи Душанбе ва Остона мавриди баррасӣ қарор гирифт .
Нишасти Шӯрои вазирони умӯри хориҷаи кишварҳои ИДМ бо ҳузури Узбекистон, Ҷумҳурии Озарбойҷон, Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия, Тоҷикистон, Туркманистон ва ҳамчунин шашумин нишасти вазирони хориҷаи кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Русия 14 апрел дар Самарқанд баргузор шуд.  

 

Барчасп