Декабр 20, 2016 10:05 Asia/Dushanbe
  • Бонки миллии Тоҷикистон нархи таваррумро 7 дарсад эълом кард

Бонки миллии Тоҷикистон эълом кардааст, ки дар моҳи декабр ва поёни соли 2016, нархи таваррум дар ин кишвар 7 дарсад хоҳад буд.

Сомонаи Бонки миллии Тоҷикистон бо интишори хабаре бо ишора ба афзоиши нархи таваррум дар моҳи ноябри гузашта дар ин кишвар таъкид кардааст, ин афзоиши нархи таваррум муҷиби гаронии 5 то 6 дарсади қимати маводи ғизоӣ, маҳсулоти санъатӣ, либос ва баҳои хадамот шудааст.

Аз сӯи дигар, Ожонси давлатии омори Тоҷикистон нархи таваррум дар ин ҷумҳуриро дар 11 моҳи имсол 5,8 дарсад эълом кардааст, ки ин шохис дар давраи мушобеҳи соли қабл 5,1 дарсад буд.

 Бонки ҷаҳонӣ, Сандуқи байналмилалии пул ва Бонки рушди Осиё пеш аз ин ба далели коҳиши наздик ба 20 дарсади даромади ирсолии коргарони муҳоҷири тоҷикистонӣ аз Русия, коҳиши рушди иқтисодӣ ва афзоиши мизони таваррумро пешбинӣ карда буданд.