Апрел 15, 2023 17:07 Asia/Dushanbe
  • Сохта шудани 25 маркази томактабӣ дар Тоҷикистон то поёни имсол

Имсол 25 муассисаи пешдабистонии хусусӣ дар Тоҷикистон сохта мешавад.

Ба гузориши сомонаи Спутник, мақомоти Тоҷикистон ба мудирони Вазорати маориф дастур доданд то роҳҳоеро барои ташвиқи корофаринон барои эҷоди муассисоти омӯзишии пешдабистонии хусӯсӣ ба манзури мушорикати бештари кӯдакон ба давлат пешниҳод кунанд. "Дар айни замон дар ҷумҳурӣ 139 муассисаи томактабии хусусӣ ва 39 Маркази хусусии инкишофи кӯдак фаъолият менамояд". Ин дар ҳоле аст, ки теъдоди сабти номкунандагон дар марокизи пешдабистонӣ ҳудуд 171 ҳазор нафар ё 16 дарсад аст. Дар се моҳи аввали соли ҷорӣ 2 муассиса дар минтақаи Суғд ва 1 муассисаи хусӯсӣ дар шаҳри Душанбе баҳрабардорӣ шуд.

Бар асоси омори расмӣ, теъдоди марокизи томактабӣ дар се моҳи нахусти имсол ба 707 муассисаи расида ва нисбат ба муддати мушобеҳи соли гузашта 11 муассиса афзоиш ёфтааст. Пешбинӣ мешавад, ки то соли 2027 сабти номи кӯдакон дар омӯзишии томактабӣ бояд ба 33 дарсад афзоиш ёбад.