Таъйиди кумаки молии 21 миллиондолларӣ ба Тоҷикистон аз сӯи Бонки осиёии Рушд
Бонки осиёии рушд (БОР), кумаки 21 миллиондоллариро барои навсозии нерӯгоҳи барқи обии “Сарбанд” дар вилояти Хатлон тасвиб кард.
Ба гуфтаи намояндаи Бонки осиёии рушд (БОР) дар Тоҷикистон, кумаки молии 21 миллиондолларӣ ба унвони кумаки молии изофӣ барои густариши арзаи энержии таҷдидпазир дар Тоҷикистон аз тариқи навсозии бештари нерӯгоҳи барқи обии “Сарбанд” таъйид шудааст.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Азия Плюс, Евгений Жуков, директори генералии БОР дар Осиёи Марказӣ ва Ғарбӣ, гуфт: « Барқ аз неругоҳи “Сарбанд” ба низоми миллӣ ва минтақаи энергетикӣ интиқол ёфта, барои Тоҷикистон ва кишварҳои ҳамсоя судманд аст. Дастгирии БОР бехатарии энергетикиро дар минтақа беҳтар карда, ба рушди устувори иқтисодӣ ва муназзами минтақа мусоидат менамояд”.
Дар доираи лоиҳаи аввали БОР дар ҳаҷми 136 млн доллар аз 6 агрегати неругоҳи “Сарбанд” 5-тоаш иваз карда шуданд. Ҳамчунин дар ин давра дастгоҳҳои тақисмоти неругоҳ низ иваз шуда, зеристгоҳи “Восеъ” таъмиру навсозӣ шуд. Инчунин зеристгоҳи “Рӯдакӣ” ва хати интиқоли барқ байни зеристгоҳҳои “Рӯдакӣ” ва “Восеъ” дар ҷануби Тоҷикистон бунёд гардид.