Кушоиши Маркази таълимии Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон дар Хатлон
Раисҷумҳури Тоҷикистон дар вилояти Хатлон Маркази таълимии воҳидҳои таъйиноти махсуси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистонро ифтитоҳ намуд.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Спутник , ин марказ дорои бино ва бахшҳои мухталифи таълимӣ ва тамринӣ , аз ҷумла тамринҳои низомии тирандозӣ бо аслиҳаҳо , тамриноти мухталифи зиддитеррористӣ ва варзишӣ барои муқобила бо шароити душвори рӯҳӣ ва равонӣ ва ҷисмонӣ бо истифода аз техника ва таҷҳизот ва технологиҳояи нав муҷаҳҳаз гардидааст.
Эмомалӣ Раҳмон ба раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва ҳайати фармондеҳии ин марказ бар истифодаи муассир аз ин пойгоҳ, ки ба ҷадидтарин таҷҳизоти замонавӣ муҷаҳҳаз шудааст ,таъкид кард.
Вай гуфт , ин пойгоҳ бо чунин таҷҳизот ва шароити мусоид ин имконро медиҳад, ки нируҳои мо ҳамаҷониба ва бо болотарин дараҷаи омодагии ҷисмонӣ ва равонӣ барои шароити сахт муҳайё шаванд.