Декабр 20, 2016 10:37 Asia/Dushanbe
  • Ҳузури Тоҷикистон дар нишасти сарони Паймони амнияти дастаҷамъӣ дар Русия

Раиси ҷумҳурии Тоҷикистон дар нишасти сарони кишварҳои узви Созмони паймони амнияти дастаҷамъӣ дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия ширкат мекунад.

Ба гузориши хадамоти матбуотии раёсати ҷумҳурии Русия, ин нишаст 26-уми декабр дар шаҳри Санкт-Петербург, бо ҳузури сарони кишварҳои узви Созмон паймони амнияти дастаҷамъӣ, аз ҷумла Эмомалӣ Раҳмон баргузор мешавад.

Дар ин нишаст мавзӯи ҳамоҳангии бештар миёни кишварҳои узви Созмони паймони амнияти дастаҷамъӣ барои мубориза бо терроризм ва ифротгароӣ баррасӣ хоҳад шуд.

Муборизаи муштарак бо қочоқи маводи мухаддир ва ҷиноёти созмонёфта дар қаламрави кишварҳои узви Созмони паймони амнияти ҷамъӣ, авзои Афғонистон ва барномаи фаъолияти ин ниҳод барои соли 2017 аз дигар мавзӯоти ин нишаст хоҳад буд.

Русия, Беларус, Тоҷикистон, Арманистон, Қазоқистон ва Қирғизистон ҳамакнун узви Созмони паймони амнияти ҷамъӣ ҳастанд.

Дар ҳошияи нишасти Санкт-Петербург сарони кишварҳои узви Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё низ натоиҷи фаъолияти ин ниҳодро дар 2 соли ахир баррасӣ хоҳанд кард.

Тоҷикистон узви Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё нест.

 

Барчасп