Апрел 20, 2023 11:55 Asia/Dushanbe
  • Табрики раисиҷумҳӯри Тоҷикистон ба муносибати фаро расидани иди Фитр
    Табрики раисиҷумҳӯри Тоҷикистон ба муносибати фаро расидани иди Фитр

Раисиҷумҳӯри Тоҷикистон дар паёме фаро расидани иди Фитрро табрик гуфт.

Ба гузориши Садои Хуросон, раисиҷумҳӯри Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни табрик бо ишора ба шароити печидаи иқтисодӣ ва бӯҳрон да ҷаҳон, мардумро ба талош фарохонд. Дар паёми Эмомалӣ Раҳмон омадаст, ки мардуми мо дар ин рӯз иқдомоти шоистаи инсонӣ аз ҷумла кумак ва ҳимоят аз  ятимон, маълулон, ниёзмандон ва мустамандон, дидори волидайн ва бузургсолонро анҷом хоҳанд дод. Раисиҷумҳӯри Тоҷикистон афзӯд: Бар асоси омӯзаҳои дини мубини Ислом, Худованд ин рӯзро барои ҳамаи мусалмонон рӯзи қабули дуои хайр барои якдигар, барои ормиш ва саъодати Ватан анҷоми умури хайр қарор додааст. Вай изҳор кард, яъне ҳикмати иди саиди Фитр ва ба таври кулли моҳи Рамазон, тафоҳум ва иттиҳоди афроди ҷомеъа ва густариши арзишҳои ахлоқӣ ва маънавии неку созанда аз ҷумла эҳтиром ва ихлос, ҳамгароӣ ва бурдборӣ дар байни мардум аст. Раисиҷумҳӯри Тоҷикистон  ҳамчунин ба мушкилоти иқтисодӣ ва ғизоӣ дар ҷаҳон ишора кард ва мардум хост то барои зиндагии роҳаттар талош кунанд. Вай бо ишора ба чунин шароите бар лузуми сарфаҷӯи, парҳез аз таҷамулгароӣ ва исрофи маводи ғизоӣ аз ҷумла дар рӯзҳои таътил риъояти илзомии қонуни «Танзими суннатҳо ва ҷашнҳо» таъкид кард. Раисиҷумҳӯр ибрози итминон кард, ки дар ин рӯзи фархунда, ҳар инсони огоҳ ва худхоҳе дар анҷоми умури хайр ва дар дараҷаи аввал дасти ёри ба сӯйи ятимон, маълулон, хонаводаҳои ниёзманд ва мустаманд ва соири умури хайр талош хоҳад кард.