Апрел 20, 2023 12:17 Asia/Dushanbe
  • Ройзании мақомоти Тоҷикистон ва Узбекистон барои иҷрои консерт дар шаҳри Душанбе
    Ройзании мақомоти Тоҷикистон ва Узбекистон барои иҷрои консерт дар шаҳри Душанбе

Оҳангсозони Тоҷикистон ва Узбекистон дар шаҳри Душанбе барнома иҷро мекунанд

Ба гузориши Садои Хуросон, пешбинӣ мешавад консерти муштараки оҳангсозони Тоҷикистон ва Узбекистон майи имсол баргузор шавад.

Ин матлаб дар дидори Абудҷаббор Раҳмонзода, сафири Тоҷикистон бо Рустам Абдуллоев, раиси Иттиҳодия оҳангсозони Узбекистон баррасӣ шуд.

Тарафайн дар ин дидор дар бораи ҳамкориҳо дар заминаи ҳунари мусиқӣ ва баргузории давраҳои ҳирфаи барои оҳангсозони ҷавон низ ройзани карданд.