Декабр 20, 2016 17:18 Asia/Dushanbe
  • Вокуниши Душанбе ба терори сафири Русия дар Туркия

Тоҷикистон терори сафири Русия дар Туркияро шадидан маҳкум кард.

Сироҷиддин Аслов-вазири хориҷаи Тоҷикистон бо ирсоли номаи таслият ба ҳамтои руси худ терори Андрей Карлов-сафири Русия дар Анқараро амали зидди инсонӣ ва хилофи меёр ва мавозини байналмилалӣ арзёбӣ кардааст. Дар ин нома ишора шудааст, ки қатли сафир аз мушкилоти муосири ҷомеаи башарӣ назири тероризму экстремиз сарчашма мегирад, ки Душанбеву Маскав дар ин заминаи мубориза алайҳи ин падидаҳои шум мавқеи ягона ва муштарак доранд.

Аксари коршинсон ва таҳлилгарони тоҷик низ зимни маҳкум кардани ин амали зидди башарӣ пешбини мекунанд, ки терори сафири Русия дар Туркия бо ҳадафи тахриби равобити миёни Маскаву Анқара дар пасманзари таҳаввулоти ахири Сурия сурат гирифтааст:

Маҳдии Собир таҳлилгари маркази таҳқиқоти стратегии раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон бар ин назар аст, ки терори сафири Русия дар Туркия кори дасти гурурҳҳои терористии фаъол дар Сурия ва ҳомиёни онон пас аз шикасти сангин дар Ҳалаб бо ҳадафи ихтилоафканӣ миёни Туркия ва Русия будааст. Оқои Собир афзуд ҳушдорҳои ахири Туркия дар бораи хуруҷ аз созмони низомии Ноту ва тамоюли ин кишвар барои пайвастан ба Созмони ҳамкориҳои Шанхай нигаронии Ғарбро ба бор овардааст. Аз ин рӯ бархе маҳофили сиёсӣ дар ҷаҳон бо иҷрои чунин тарҳе қасд доранд монеи наздикии Туркия ба меҳварияти Маскав шаванд. Иззатманди Саломиён таҳлилгари мустақили тоҷик дар Душанбе низ қатли сафирро зишттарин амал дар урфи байналмилал хонду афзуд, сафир дар як кишвар амонат маҳсуб мешавад ва дар тамоми адёни ҷаҳонӣ қатли сафир маҳкум аст. Оқои Саломиён терори сафири Русияро як тавтиаи хатарнок арзёбӣ кард ва изҳори умедворӣ намуд, ки Маскаву Анқара бо анҷоми таҳқиқи муштарак перомуни ин ҳодиса равобити гарми худро ҳамчунон ҳифз хоҳанд кард.

Гуфтанист Андрей Карлов шоми 19 декабр, ҳангоми суханронӣ дар намоишгоҳе таҳти унвони "Русия аз назари туркҳо" дар Анкара бо зарби гулула кушта шуд.