Коҳиши мизони содироти Тоҷикистон дар 3 моҳи имсол
Арзиши содироти коло аз Тоҷикистон дар 3 моҳи аввали имсол нисбат ба муддати мушобеҳи соли қабл коҳиш ёфт.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Азия Плюс идораи омори Тоҷикистон гузориш медиҳад, ки дар 3 моҳи аввали имсол 344.3 миллион доллар коло ва маҳсулот содир шуд, ки ин рақам дар муқоиса бо муддати мушобеҳ дар соли гузашта 125.6 миллион доллар 26.7 дарсад камтар аст.
Коҳиши даромади ноши аз содиролти фулузот ва сангҳои қиматбаҳо ва нима қимати тақрибан 8.84 миллион доллар ва нахи пахта 5.39 миллион доллар аст.
Ҳамчунин содироти фаровардаҳои доми маҳсулоти сангӣ, семент коҳиши чашмгир дошт.
Ин дар ҳоли аст, ки воридоти коло дар 3 моҳи аввали нахусти имсол бо 27.6 миллион доллар афзоиш ба беш аз 1.2 миллар доллар расида аст.
Ба таври кулли гариди молии тиҷорати хориҷии Тоҷикистон дар январ то марти соли ҷорӣ ҳудуди 1.6 миллиард доллар буд, ки 5.8 дарсад 98 миллион доллар камтар аз муддати мушобеҳ дар соли 2022 аст.
Тоҷикистон дар се моҳи нахусти соли ҷорӣ бо 98 кишвар равобити тиҷори дошта аст.