Апрел 26, 2023 10:25 Asia/Dushanbe
  • Баргузории 17-умин нишасти Комиссияи муштараки байнидавлатии Тоҷикистон ва Қазоқистон

17-умин нишасти Комиссияи муштараки байнидавлатии Тоҷикистону Қазоқистон баргузор шуд.

17-умин нишасти Комиссияи муштараки байнидавлатии Тоҷикистону Қазоқистон дар заминаи ҳамкориҳои иқтисодӣ, фаннӣ ҷв илмӣ дар Остона баргузор шуд.

Дар ин нишаст мавзуоти муҳимми муртабит бо тақвияти ҳамкориҳои тиҷорӣ ва иқтисодӣ байни Тоҷикистону Қазоқистон мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Ин нишаст ба раёсати муштараки Усмоналӣ Усмонзода, муовини нахуствазири Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Роман Скляр, муовини нахуствазири Ҷумҳурии Қазоқистон баргузор шуд.

Дар ин нишаст, тарафайн бар тақвияти ҳамкориҳо дар заминаҳои тиҷорату иқтисод, сармоягузорӣ, кишоварзӣ, саноат, энержӣ, ҳамлу нақл, иртибототу фанновариҳои навин, омӯзишу илм, беҳдошт, гардишгарӣ, кору муҳоҷират, иқтисоди сабзу диҷитал, ҳифзи муҳити зист, варзишу таъсиси ширкатҳои саноатии муштарак бо ҷалби сармоягузорони Қазоқистон тавофуқ карданд.

 

Барчасп