Апрел 26, 2023 17:13 Asia/Dushanbe
  • \\\
    \\\"Амалиёти Язғулом\\\" дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон

Гуруҳи террористоне, ки марзи Тоҷикистон бо Афғонистонро дар ноҳияи Ванҷ убур кардаанд ва ду нафарашон кушта шуданд, ҷамъан аз 6 нафар иборат будаанд.

Ба гузориши “Спутник”, ба ҷуз 2 террористе, ки дар амалиёти нерӯҳои амниятӣ дар Ванҷ ба ҳалокат расиданд, як тани дигар ба дарё ғарқ шуда, 3 нафари дигарро толибҳо боздошт кардаанд.

Ахиран Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон аз кушта шудани 2 узви созмони байналмилалии террористӣ хабар дода буд.

Манобеи «Sputnik” аз минтақа хабар медиҳанд, ки дар пайи амалиёти муштараки нерӯҳои амниятии Тоҷикистон дар ноҳияи Ванҷ аз гурӯҳи шашнафараи террористоне, ки марзро убур карда буданд, як нафар ҳангоми фирор ба Афғонистон дар дарёи Панҷ ғарқ шудааст ва 3 нафари дигар ба Афғонистон паноҳ бурдаанд.

Манбаъ гуфт: “Аз ду нафаре, ки кушта шудаанд, яке шиносоӣ шудааст. Ӯ сокини ноҳияи Язғулом буда, зоҳиран, раҳбалади ин гурӯҳ аст. Нафари дигари кушташуда ҳам шаҳрванди Тоҷикистон аст, аммо шахсияти ӯ маълум карда нашудааст. Дастикам ӯ эҳтимолан аз ин минтақа нест”.

Се нафар аз ин гурӯҳро истихбороти Толибон дар қаламрави вулусволии Нусайи Афғонистон боздошт карда, ба шаҳри Файзобод, маркази вилояти Бадахшон интиқол додаанд. Онҳо таҳти таҳқиқ қарор доранд, гуфт манбаъ.

Қаблан КДАМ хабар дода буд, ки субҳи 26 апрел, дар пайи амалиёти муштараки нерӯҳои амниятии Тоҷикистон дар ноҳияи Ванҷ 2 узви ташкилоти байналмилалии террористӣ, ки бо мақсади анҷом додани амали террористӣ аз Афғонистон вориди Тоҷикистон шуда буданд, кушта шудаанд.

 

Барчасп