Апрел 26, 2023 19:19 Asia/Dushanbe
  • Қаръакашии мусобиқоти КАФА
    Қаръакашии мусобиқоти КАФА

Нахустин давраи футболи Ҷоми миллатҳои Осиёи Миёна – КАФА - 2023 дар Душанбеи Тоҷикистон қуръакашӣ шуд.

Ба гузориши хабаргузории “Ориё”, ба нақл аз пойгоҳи ихтисосии мусобиқот, марҳилаи ниҳоии рақобатҳои футболи миллатҳои Осиёи Марказӣ бо ҳузури 7 тим баргузор мешавад, ки 6 тим аз Осиёи Миёна, аз ҷумла тими Эрон ба ҳамроҳи тими Уммон ба унвони меҳмон дар он ширкат хоҳанд кард.

Рақобатҳо аз 10 то 20 июн баргузор хоҳад шуд, ки мусобиқоти гуруҳи як ва марҳалаи ниҳоӣ дар Тошканди Узбакистон ва гуруҳи ду дар Бишкеки Қирғизистон баргузор хоҳад шуд.

Гуруҳбандии мусобиқот ба ин шарҳ аст:

Гуруҳи як дар Тошканд: Узбекистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Уммон.

Гуруҳи ду дар Бишкек: Қирғизистон, Эрон ва Афғонистон

 

Барчасп